Главная / Ҷамъият / Тартиби мувофиқасозии лоиҳаи санадҳои корфармо бо намояндагони кормандон

Тартиби мувофиқасозии лоиҳаи санадҳои корфармо бо намояндагони кормандон

Моддаи 13-и Кодекси Меҳнат. Тартиби мувофиқасозии лоиҳаи санадҳои корфармо бо намояндагони кормандон

  1. Дар ҳолатҳои бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муқарраршуда, корфармо бо мувофиқа ё машварати пешакии намояндагони кормандон санад қабул менамояд.
  2. Пеш аз қабули санад, корфармо лоиҳаи он ва асоснокиашро ба намояндагони кормандон пешниҳод менамояд.
  3. Лоиҳаи санади корфармо аз ҷониби намояндагони кормандон на зиёда аз 3 рўзи корӣ аз лаҳзаи пешниҳоди он муҳокима мегардад.
  4. Қарори намояндагони кормандон бо протокол ба расмият дароварда мешавад, ки дар он розигӣ ё норозигии намояндагони кормандон ба лоиҳаи санади корфармо дарҷ мегардад.
  5. Дар ҳолати норозигии намояндагони кормандон ба лоиҳаи санади корфармо ва ё ҷой доштани пешниҳодҳо оид ба такмили лоиҳа, корфармо ҳуқуқ дорад:

– ҳангоми розигӣ санадро оид ба тағйирот ё иловаҳо бо машварати пешакии намояндагони кормандон қабул намояд;

– ҳангоми норозигӣ машварати иловагиро бо намояндагони кормандон гузаронад.

  1. Ҳангоми ноил нагардидан ба созиш оид ба лоиҳаи санади корфармо, ки тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули он розигии намояндагони кормандон зарур аст, ихтилофоти бавуҷудомада бо протокол ба расмият дароварда шуда, баъд аз он корфармо ҳуқуқ дорад санадро қабул намояд.
  2. Ҳангоми аз ҷониби корфармо қабул намудани санад бе назардошти пурра ва ё ҷузъии таклифҳо, намояндагони кормандон ҳуқуқ доранд расмиёти баҳси меҳнатии коллективиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намоянд.
  3. Дар ҳолати аз ҷониби корфармо қабул намудани қароре, ки ҳуқуқ ва кафолатҳои кормандонро нисбат ба Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ поймол ва ё бад мекунад, намояндаи кормандон метавонад ба мақомоти дахлдори назорати меҳнат ва ё суд шикоят намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …