Главная / Ҷамъият / Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ

Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ

Моддаи 13-и  Қарори шаҳрсозӣ. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ

  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
    – ташкили таҳияи нақшаи генералии ҷойгиркунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи банақшагирии ҳудудҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншооти махсуси аҳамияти умумидавлатидошта, инчунин корҳои илмию таҳқиқотиро дар соҳаи шаҳрсозӣ амалӣ менамояд;
    – нисбат ба лоиҳаи нақшаи генералии шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса пешниҳод менамояд;
    – нисбат ба лоиҳаҳои нақшаҳои муфассали тарҳрезии қисмҳои марказӣ ва маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса медиҳад;
    – объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ ва рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоиро интихоб ва ҷойгир менамояд;
    – ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқаррар намудани ҳудудҳо барои объектҳои фаъолияти шаҳрсозии танзими махсуси аҳамияти умумидавлатидошта пешниҳод манзур менамоянд;
    – меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, маводи методӣ оид ба экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии шаҳрсозиро, ки ба салоҳияти он вобаста аст, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ менамояд;
    – назорати давлатии шаҳрсозиро ташкил ва таъмин менамояд;

– риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ, инчунин дигар санадҳои қонунгузории шаҳрсозиро назорат менамояд;
– стандартонии соҳаи сохтмонро анҷом медиҳад;
– меъёргузории техникӣ ва танзими низоми нархгузориро дар соҳаи шаҳрсозӣ амалӣ менамояд;
– кадастр ва мониторинги давлатии шаҳрсозии объектҳои фаъолияти шаҳрсозиро пеш мебарад ва анҷом медиҳад;
– тартиби амалисозии мониторинги татбиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро муайян менамояд;
– барои амалисозии намудҳои алоҳидаи фаъолияти шаҳрсозӣ иҷозатнома медиҳад;
– ба аҳолӣ дар бораи фаъолияти шаҳрсозӣ мунтазам иттилоъ мерасонад;
– баҳсҳои байни фармоишгарон, таҳиягарони ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва дигар ташкилотҳоро оид ба масъалаҳои ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ баррасӣ менамояд;
– фаъолияти фармоишгар ва таҳиягарони ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро оид ба амалисозии назорати техникӣ ва муаллифӣ ҳамоҳанг месозад ва бо тартиби муқарраргардида ҳангоми ба роҳ мондани назорати нодурусти техникӣ ва муаллифӣ чораҳои дахлдор меандешад;
– баррасии парвандаҳо ва андешидани чораҳоро оид ба ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва таъмин менамояд;
– барои оғози корҳои сохтмонӣ дар объектҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратегӣ, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, иҷозат медиҳад;
– иштироки намояндаи худро дар кори комиссияи давлатии қабул ва ба истифода додани объектҳои баитмомрасида таъмин менамояд;
– дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Ба сохтори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ инҳо дохил мешаванд:
– дастгоҳи марказии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва сохторҳои тобеи он;
– сохторҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ инчунин метавонад мақомоти тобеъ дошта бошад, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ба нақшаи идоракунии он дохил карда мешавад.
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ваколатҳои худро мутобиқи Низомнома, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, амалӣ менамояд.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

moddai-88-karori-shahrsozi

Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 88-и  Қарори шаҳрсозӣ. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии …