Моддаи 12-и Кодекси оила. Шартҳои ақди никоҳ
- 1. Барои ақди никоҳ розигии ҳамдигарии марду зани никоҳшаванда ва синни никоҳӣ доштани онҳо зарур аст. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №710)
- Дар сурати мавҷуд будани монеаҳои дар моддаи 14 ҳамин Кодекс зикрёфта ақди никоҳ баста намешавад.
3.Агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, шартҳои иловагии зерин талаб карда мешаванд:
– истиқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир;
– бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №710)