Главная / Ҷамъият / Ӯҳдадориҳои истифодабарандагони об доир ба пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровари об, оқибатҳои исфлосшавии объектҳои об дар натиҷаи садамаҳо ва офатҳои табиӣ

Ӯҳдадориҳои истифодабарандагони об доир ба пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровари об, оқибатҳои исфлосшавии объектҳои об дар натиҷаи садамаҳо ва офатҳои табиӣ

Моддаи 129-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Ӯҳдадориҳои истифодабарандагони об доир   ба пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровари об, оқибатҳои  исфлосшавии  объектҳои  об дар натиҷаи садамаҳо ва офатҳои табиӣ

Шахсонӣ ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликияту тобеият, инчунин шахсони воқеӣ, ки аз объектҳои об ва иншооти хоҷагии об истифода мекунанд, вазифадоранд бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, мақомоти  ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ва дигар идораҳои манфиатдор доир ба пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровари об, ки дар  натиҷаи ҳодисаҳои садама ва офатҳои табиӣ, обхезӣ, зериобмонӣ ва ботлоқшавӣ, баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ, шӯршавӣ, вайрон гардидани соҳилҳо, сарбандҳои ҳимоявӣ ва дигар объектҳо,  ба миён омадани ҷариҳо, ярчҳо, селҳо ва дигар ҳодисаҳои зиёновар тадбирҳо анҷом диҳанд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …