Главная / Ҷамъият / Мақомоти молия

Мақомоти молия

Моддаи 129-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти молия 

  1. Мақомоти молия дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 559, 560 қисмҳои 1, 3 ва 4, 561-569, 647 ва 648 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти молия инҳо ҳуқуқ доранд:

– директори Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашуда ва роҳбарони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 559, 560 қисмҳои 1, 3 ва 4, 561-569 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;

– роҳбари мақоми ваколатдори иҷозатномадиҳӣ вобаста ба фаъолияти аудиторӣ ва роҳбарони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо доир ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 647 ва 648 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …