Главная / Ҷамъият / Кафолатҳои давлатии бакортаъминкунӣ

Кафолатҳои давлатии бакортаъминкунӣ

Моддаи 128-и Кодекси Меҳнат. Кафолатҳои давлатии бакортаъминкунӣ

Давлат ба шаҳрвандон дар соҳаи шуғли аҳолӣ кафолатҳои зерин медиҳад:

– ҳифз намудан аз тамоми шаклҳои табъиз ва таъмини имконияти баробар барои гирифтани касб ва кор;

– тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисоси бекорон, кормандон ва шахсони камбизоат, ки ба нигоҳубини кўдакони то 3 сола машғуланд, инчунин ташкили корҳои ҷамъиятӣ барои бекорон;

– тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос, ташкили корҳои ҷамъиятӣ барои кормандоне, ки низоми нопурраи вақти кориро бо назардошти тағйир ёфтани истеҳсолот дар ташкилот доранд, инчунин ҳангоми азнавташкилдиҳӣ ва (ё) кам шудани ҳаҷми кор аз ҷониби корфармо;

– мусоидат барои рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна;

– ташкили миёнаравӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғл;

– пешниҳоди хизматрасонии касбӣ ва роҳнамоӣ, маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ;

– роҳнамоии низоми таҳсилоти касбӣ барои тайёр намудани мутахассисон мувофиқи талаботи бозори меҳнат;

– таҳия ва татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати ошкор ва қонунигардонии муносибатҳои меҳнатӣ;

– дар созишномаҳои сармоягузорӣ муқаррар намудани уҳдадории сармоягузор оид ба тайёркунии касбӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва нигоҳ доштани ҷойҳои кории мавҷуда;

– ташкили шароит барои рушди тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос бевосита дар ташкилот;

– ҳамкории мутақобилаи мақомоти ваколатдор бо корфармоён оид ба масъалаҳои шуғл;

– таъмини шароит барои бакортаъминкунии шахсоне, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …