Главная / Ҷамъият / Ситонидани андоз аз даромади ғайрирезидентҳо дар манбаи пардохт

Ситонидани андоз аз даромади ғайрирезидентҳо дар манбаи пардохт

Моддаи 128-и Кодекси Андоз. Ситонидани андоз аз даромади ғайрирезидентҳо дар манбаи пардохт

  1. Даромади ғайрирезидент аз манбаи воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муассисаи доимии ҳамин ғайрирезидент дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут намебошад, аз манбаи пардохт ҳамчун даромади умумӣ, бе тарҳи хароҷот (ба истиснои тарҳи андоз аз арзиши иловашуда дар ҳолати андозбандӣ мутобиқи моддаи 177 Кодекси мазкур) бояд тибқи меъёрҳои муайяннамудаи қисми 6 ҳамин модда андозбандӣ гардад. Инчунин бо тартиби мазкур андозбандии даромадҳои ғайрирезидент аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Кодекси мазкур ба муассисаи доимии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут буда, сари вақт анҷом наёфта, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти андоз пешниҳод нашудааст, дар манбаи пардохт амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Таҳти мафҳуми пардохти даромад супоридани пул дар шакли нақдӣ ва (ё) ғайринақдӣ, коғазҳои қиматнок, молҳо, дигар молу мулк, додани манфиат, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо фаҳмида мешаванд.
  3. Пардохтҳо ба манфиати ғайрирезидентҳо мутобиқи қисми 1 ҳамин модда, вобаста ба таҳвили молҳо ҳангоми амалиёти тиҷорати хориҷӣ (вобаста ба воридоти молҳо) ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар манбаи пардохт бояд андозбандӣ нагарданд.
  4. Андозбандии даромадҳои ғайрирезидент, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудаанд, сарфи назар аз ихтиёрдории ин ғайрирезидент нисбат ба даромадҳои худ ба манфиати шахсони сеюм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) воҳидҳои алоҳидаи худ (шахсони дигар) дар дигар давлатҳо, дар манбаи пардохтанҷом дода мешавад.
  5. Андоз аз даромади ғайрирезидент аз манбаи воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба шакл ва маҳалли пардохти даромад ситонида мешавад.
  6. Бо дарназардошти муқаррароти ҳамин модда даромадҳои ғайрирезидент аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо муассисаи доимии ин ғайрирезидент дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд намебошанд, бояд дар манбаи пардохт ҳамчун даромади умумӣ, бе тарҳи хароҷот (ба истиснои дар ҳолати андозбандӣ тарҳи андоз аз арзиши иловашуда мутобиқи моддаи 177 Кодекси мазкур) тибқи меъёрҳои зайл андозбандӣ шаванд:

-суди саҳмияҳо – мутобиқи моддаи 126 Кодекси мазкур;

-фоизҳо – мутобиқи моддаи 127 Кодекси мазкур;

-саҳмҳои суғуртавие, ки мутобиқи шартномаҳои суғурта ва азнавсуғуртакунии таваккалҳо аз тарафи резидент пардохт мешаванд – тибқи меъёри 6 фоиза;

-маблағҳое, ки барои хизматрасонии телекоммуникатсионӣ ё нақлиётӣ ҳангоми алоқа ё ҳамлу нақли байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо аз тарафи резидент пардохт мешаванд, ба истиснои маблағҳо барои фрахти баҳрӣ – тибқи меъёри 5 фоиза, маблағҳо барои фрахти баҳрӣ – тибқи меъёри 6 фоиза;

– даромадҳо дар шакли музди меҳнат, ки моддаи 99 Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст ва аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба шакл ва маҳалли пардохти даромадҳо пардохт мешаванд, – тибқи меъёри дар қисми 3 моддаи 103 Кодекси мазкур пешбинигардида;

-даромадҳои дигар, ки дар сархатҳои якум – панҷумиҳамин қисм пешбинӣ нашудаанд  – тибқи меъёри 15 фоиза.

  1. Барои мақсадҳои ҳамин модда маблағҳои пардохтшудаи муассисаи доимии ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз номи чунин муассиса пардохтшуда ҳамчун маблағҳои супоридаи корхонаи резидентӣ баррасӣ мегарданд.
  2. Ташкилотҳое, ки новобаста ба маҳалли пардохт ба ғайрирезидентҳои дар татбиқи созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) бе таъсиси муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироккунанда даромад пардохт менамоянд, ўҳдадоранд ба сифати агентҳои андоз аз манбаи пардохт андозро нигоҳ доранд ва ба буҷет пардохт намоянд. Дар ҳолати риоя накардани талаботи мазкур, андоз аз ҳисоби ташкилотҳои зикршуда ситонида мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …