Главная / Ҷамъият / Имтиёзҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ таҳсил мекунанд

Имтиёзҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ таҳсил мекунанд

Моддаи 126-и Кодекси Меҳнат. Имтиёзҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ таҳсил мекунанд

  1. Ба кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ таҳсил мекунанд ва ҳамзамон дар ташкилотҳо кор мекунанд, рўзи кории на зиёда аз чор соат муқаррар карда мешавад.
  2. Таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ дар давоми соли таҳсил на камтар аз 42 рўзи тақвимӣ, ҳангоми шаш рўз будани ҳафтаи корӣ ё мутобиқан ба ҳамон миқдор соати корӣ дар сурати ҳафтаи кории панҷрўза аз кор озод карда мешаванд. Агар ҳафтаи кор аз панҷ рўз иборат бошад, миқдори умумии соатҳои аз кор озод кардани корманд вобаста ба давомнокии басти корӣ зимни боқӣ мондани миқдори соатҳои озод аз кор тағйир меёбад.
  3. Дар муддати аз кор озод будани корманд ба ў аз ҷойи кори асосӣ на камтар аз 50 фоизи музди меҳнат, вале на камтар аз андозаи муқарраршудаи ҳадди ақали музди меҳнат маош дода мешавад.
  4. Таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ба рухсатии пардохтшавандаи иловагӣ аз ҷойи кори асосӣ барои супоридани имтиҳонҳо ба муҳлати на камтар аз андозаи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нигоҳдории музди миёнаи меҳнат дар давраи рухсатӣ ҳуқуқ доранд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …