Главная / Ҷамъият / Имтиёзҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд

Имтиёзҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд

Моддаи 125-и Кодекси Меҳнат. Имтиёзҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд

  1. Кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд, дар асоси даъвати муассисаҳои таълимӣ барои иштирок дар машғулияти таълимӣ дар муҳлати муқарраргардида аз иҷрои уҳдадории хизматӣ ё истеҳсолӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат озод карда мешаванд.
  2. Дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, дигар санадҳои меъёрии дохилии (локалии) ташкилотҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд, аз ҳисоби маблағи корфармое, ки онҳоро ба таҳсил фиристодааст, мумкин аст имтиёзҳои иловагӣ муқаррар карда шаванд.

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …