Главная / Ҷамъият / Тартиби ситонидани андоз дар манбаи пардохт

Тартиби ситонидани андоз дар манбаи пардохт

Моддаи 125-и Кодекси Андоз. Тартиби ситонидани андоз дар манбаи пардохт

  1. Шахсони (агентҳои андози) зерин вазифадоранд, ки андозроаз манбаъҳои пардохт ситонанд:

-шахсони ҳуқуқӣ, инчунин воҳидҳои алоҳидаи онҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳо, ки ба шахсони воқеии кироякори худ дар шакли музди меҳнат даромад медиҳанд (бояд диҳанд);

-шахсони ҳуқуқӣ, инчунин воҳидҳои алоҳидаи онҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳо, ки барои хизматрасонӣ (иҷрои кор) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеие, ки ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта нашудаанд, дар асоси шартномаҳои хусусияти гражданииҳуқуқидошта ё бе чунин шартномаҳо, ба истиснои шартномаҳои гражданииҳуқуқие, ки мавзўи онҳо гузаштани ҳуқуқи моликият ё ҳуқуқҳои дигари ашёӣ (ҳуқуқҳои молумулкӣ) мебошад, барои иҷрои кор (хизматрасонӣ) даромад пардохт менамоянд;

-шахсони ҳуқуқӣ, инчунин воҳидҳои алоҳидаи онҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳо, ки ба шахсони воқеӣ нафақа, стипендия ва кўмакпулӣ медиҳанд, ба истиснои нафақа, стипендия ва кўмакпулиҳои давлатӣ;

-резидентҳое, ки суди саҳмияҳо ва фоизҳоро пардохт менамоянд;

-шахсони ҳуқуқӣ – резидентҳое, ки қисми саҳмияи (ҳиссаи иштироки) ба ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдоштаашон фурўхта (бегона карда) шудааст, инчунин агентҳои ваколатдори ғайрирезидентҳо, ки молу мулки (саҳмияҳои, ҳиссаи иштироки) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуддоштаи чунин ғайрирезидентҳоро фурўхтаанд (бегона кардаанд) ё додаанд, агар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти андоз аз ҷониби худи ғайрирезидентҳо пас аз фурўш (бегонакуни) ё додани молу мулки зикршуда пешниҳод нашуда бошанд;

-шахсоне, ки пардохтҳои дар моддаи 128 Кодекси мазкур пешбинишударо анҷом медиҳанд;

-шахсоне, ки бурдҳоро оид ба вомбаргҳо, лотереяҳо, оид ба натиҷаҳои озмунҳо, мусобиқаҳо ва дигар чорабиниҳо мукофотҳо (бурдҳо, тўҳфаҳо) медиҳанд.

  1. Шахсе, ки даромади дар қисми 1 ҳамин моддапешбинишударо пардохт менамояд, барои ситонидан ва ба буҷет гузаронидани андоз ҷавобгар мебошад. Агар маблағи андоз сари вақт ба буҷет гузаронида нашавад, шахси даромад пардохткунанда ўҳдадор аст маблағи андози нигоҳдоштанашуда ва ба буҷет гузарониданашударо, инчунин ҷаримаҳо ва фоизҳои дахлдорро аз ҳисоби худ ба буҷет гузаронад.
  2. Шахсоне, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда андозро аз манбаи пардохт меситонанд (ҳисоб мекунанд), аз ҷумла шахсоне, ки барои пардохти музди меҳнат аз ташкилотҳои қарзӣ маблағ мегиранд, вазифадоранд:

-андозҳои ситонидашударо (ҳисобшударо), аз ҷумла андози иҷтимоиро ба буҷет ҳамзамон бо гирифтани маблағҳо барои пардохти даромад дар шакли музди меҳнат, дар дигар ҳолатҳо – дар давоми 5 рўзи корӣ баъди ба охир расидани моҳе, ки дар он пардохтҳо (маблағҳо) супорида шуда буданд, гузаронанд;

-ҳангоми пардохти даромад дар шакли музди меҳнат, бо дархости шахсони воқеие, ки даромад мегиранд, дар давоми 5 рўзи корӣ ба онҳо, бо зикри насаб, ном ва номи падар, рақами мушаххаси андозсупоранда, маблағ ва намуди даромад ва андозҳои ситонидашуда (агар андоз нигоҳ дошта шавад) маълумотнома диҳанд;

-бо дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда даромад мегиранд (гирифтаанд), ба онҳо дар давоми 5 рўзи корӣ бо зикри рақами мушаххаси андозсупоранда, номи (насаб, ном ва номи падари) шахс, маблағи умумии даромад ва маблағи умумии андози дар соли ҳисоботӣ ситонидашуда маълумотнома фиристонанд (пешниҳод кунанд).

  1. Ба ташкилотҳои қарзӣ додани маблағҳои пули нақд барои пардохти даромад дар шакли музди меҳнат бе пешакӣ ба буҷет аз ҷониби андозсупорандагон (агентҳои андоз) гузарондани маблағи андоз аз даромад ва андози иҷтимоие, ки ба маблағи воситаҳои пули нақди дар боло пешбинигардида алоқаманд аст, манъ аст.
  2. Нигоҳ доштани андоз аз даромад ва пардохт намудани андози иҷтимоӣ аз даромадҳои аз буҷет маблағгузоришавандаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои дипломатӣ, консулӣ ва дигар муассисаҳои ба онҳо баробаркардашуда ба ҳайси намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа фаъолият менамоянд, ба таври марказонидашуда бо тартибе, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ муайян кардаанд, анҷом дода мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …