Главная / Ҷамъият / Ба давраи дигар гузаронидани зарар, зарар ҳангоми фурўш ё супоридани молу мулк

Ба давраи дигар гузаронидани зарар, зарар ҳангоми фурўш ё супоридани молу мулк

Моддаи 124-и Кодекси Андоз. Ба давраи дигар гузаронидани зарар, зарар ҳангоми фурўш ё супоридани молу мулк

  1. Барзиёдии тарҳҳои имконпазири андозсупоранда нисбат ба даромади умумӣ (зарар аз фаъолияти соҳибкорӣ) ба давраи минбаъдаи давомнокиаш то 3 солро дарбаргиранда гузаронида мешавад ва аз ҳисоби фоидаи то андозбандишавии давраҳои минбаъда пўшонида мешавад.
  2. Зараре, ки аз фурўш ё супоридани молу мулк (ба истиснои молу мулке, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешавад ё молу мулке, ки фоидаи фурўш ё супоридани онҳо аз андоз озод аст) расонида мешавад, аз ҳисоби фоидаи фурўш ё супоридани чунин молу мулки дигар ҷуброн мегардад.
  3. Агар ҷуброни зарари дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда дар ҳамон сол имконнопазир бошад, он ба давраи минбаъдаи то 3 солро дарбаргиранда гузаронида мешавад ва аз ҳисоби фоидаи аз фурўш ё супоридани дигар чунин молу мулк гирифташуда ҷуброн мегардад. Зарарҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда набояд аз даромади умумӣ барои мақсадҳои андоз аз фоида тарҳ карда шаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …