Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандон оид ба тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандон оид ба тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос

Моддаи 123-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандон оид ба тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос

  1. Кормандон ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос, аз ҷумла таҳсилоти касбӣ ва ихтисосҳои нав ҳуқуқ доранд.
  2. Кормандоне, ки аз тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос мегузаранд, дар мувофиқа бо корфармо метавонанд аз кор ё иҷрои кор бо шартҳои вақти нопурраи корӣ озод карда шаванд.
  3. Кормандоне, ки аз тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос мегузаранд, аз кафолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, бархўрдор мебошанд.
  4. Корманд уҳдадор аст, ки пас аз ба итмом расидани тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос ба муҳлати дар шартномаи таҳсил мувофиқанамудаи тарафҳо ба корфармо кор кунад.
  5. Дар ҳолати бекор кардани шартномаи меҳнатӣ то муҳлати муқаррарнамудаи шартномаи таҳсил бо ташаббуси корманд ё бо ташаббуси корфармо бинобар гуноҳи корманд, корманд ба корфармо хароҷотҳоро вобаста ба таҳсил ба муҳлати мутаносибан иҷронакардаи кор бояд пардохт намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …