Главная / Ҷамъият / Мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ

Мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ

Моддаи 122-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти  ҳифзи сирри давлатӣ

  1. Мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 506, 507 қисмҳои 1 ва 2, 508 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ҳуқуқ доранд.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …