Главная / Ҷамъият / Тадбирҳое, ки ҳифз, беҳтар гардидани ҳолат ва низоми обро таъмин мекунанд

Тадбирҳое, ки ҳифз, беҳтар гардидани ҳолат ва низоми обро таъмин мекунанд

Моддаи 121-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тадбирҳое, ки ҳифз, беҳтар гардидани  ҳолат ва низоми обро таъмин мекунанд

Тадбирҳое, ки ҳифзи обро аз ифлосу олудашавӣ ва камшавӣ, инчунин беҳтар гардидани ҳолату низоми обро таъмин  мекунанад, инҳо мебошанд:

-технологӣ – тадбирҳое, ки ба сохтмони системаи гардиши оби таъминоти саноати об, объектҳои тоза ва безараргардонии оби партов, ташкили равандҳои технологии объекти истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ равона шудаанду кори устувори  объектҳои тоза ва  безараркунандаи оби партов, ташкили равандҳои технологӣ, ки пайдошавии обҳои ифлосшудаи партовро истисно мекунанд, таъмин  менамоянд;

-мелиоративии ҷангал ва агротехникӣ – тадбирҳое мебошанд, ки мустаҳкам кардани соҳилҳои объектҳои об, муҳофизати онҳоро аз вайрон ва ботлоқшавӣ, инчунин  мӯътадил ва беҳтар гардидани низоми табии ҷоришавии объектҳои обро  таъмин мекунанд;

-гидротехникӣ – тадбирҳое, ки барои таъсиси система ва объекти  гидротехникии таъминкунандаи шароити мусоиди истифодаи об ва  мустаҳкамии  соҳилҳо, инчунин дар мавридҳои зарурӣ тозакунии маҷрои дарёҳо, каналҳо, қаъри ҷӯйборҳо, кӯлу обанборҳоро аз обовардҳою  таҳшинҳои зараровар равона карда шудаанд;

-санитарию техникӣ – тадбирҳое, ки безарар ва бесирояткунии оби  партови ба объектҳои об  партофташаванда, инчунин ҳифзи санитарӣ ва  ободонии ҳудуди наздисоҳилии таҳти фаъолияти хоҷагӣ қароргирифтаро таъмин менамоянд;

-дигар  тадбирҳои имконпазир, ки ҳифзи обро таъмин намуда, ба  беҳтар шудани ҳолату низоми он мусоидат мекунанд.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …