Мақомоти андоз
18.04.2018
88 Показы
Моддаи 121-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти андоз

- Мақомоти андоз дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 504, 599-618, 620 ва 623 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
- Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти андоз роҳбари мақомоти марказии андоз ва муовинони ӯ, роҳбарони мақомоти ҳудудии андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва муовинони онҳо, роҳбарони нозироти андозсупорандагони калон, нозироти андозсупорандагони миёна ва муовинони онҳо, роҳбарони шӯъбаҳо ва бахшҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, сардорони шӯъбаҳои нозироти андозсупорандагони калон ва нозироти андозсупорандагони миёна дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва муовинони онҳо ҳуқуқ доранд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1135)
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-18
Tags Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Инчунин кобед
Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …