Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо оид ба тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии кормандон

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо оид ба тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии кормандон

Моддаи 120-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо оид ба тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии кормандон

  1. Зарурият ва ҳаҷми тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии кормандонро бо мақсади таъмини фаъолият ва рушди босамари ташкилот корфармо муайян мекунад.
  2. Тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии кормандон ё дигар шахсоне, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд бевосита дар ташкилот ва ё берун аз он дар ташкилотҳои ба ин мақсад таъсисёфта амалӣ карда мешаванд.
  3. Корфармо уҳдадор аст барои кормандон, ки таҷрибаомўзӣ, тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос мегузаранд, барои якҷоя кардани корҳо бо таълим, ки Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд, шароит муҳайё намояд.
  4. Корфармо уҳдадор аст, ки касбомўзӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили дониши кормандонро барои соҳиб гаштан ба ихтисоси иловагӣ ба роҳ монад, барои бевосита дар истеҳсолот ё дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ такмили ихтисос кардани онҳо шароит муҳайё намояд.
  5. Баъд аз хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ба корманд тахассуси (гурўҳ, дараҷа) дахлдори касбӣ дода, мувофиқи ихтисоси гирифтааш кор пешниҳод карда мешавад.
  6. Маълумоти умумии касбии корманд ҳангоми баланд бардоштани тахассуси (гурўҳ, дараҷа) касбӣ, таъйини андозаи музди меҳнат ва ба вазифаи (мансаби) баландтар пешбарӣ кардани онҳо ба эътибор гирифта мешавад.
  7. Кафолат ва ҷубронҳои барои кормандони дар баробари кор таҳсилкунанда пешбинишуда, танҳо дар ҷойи кори асосӣ дода мешаванд.
  8. Корфармо ба муассисаҳои таълимӣ, ки барномаҳои таҳсилотии техникӣ ва касбиро татбиқ мекунанд, барои тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии кадрҳо мусоидат менамояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …