Главная / Ҷамъият / Таносуби танзими қонунӣ ва шартномавии муносибатҳои меҳнатӣ

Таносуби танзими қонунӣ ва шартномавии муносибатҳои меҳнатӣ

Моддаи 12-и Кодекси Меҳнат. Таносуби танзими қонунӣ ва шартномавии муносибатҳои меҳнатӣ

  1. Сатҳи ҳадди ақали ҳуқуқи меҳнатӣ ва кафолатҳоро барои кормандон Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
  2. Созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ (тарифӣ), минтақавӣ (вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ), шартномаи меҳнатӣ ва шартномаҳои коллективӣ метавонанд ҳуқуқ ва кафолати меҳнатиеро, ки дар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нагардидаанд, муқаррар намоянд.
  3. Шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ наметавонанд якҷониба тағйир дода шаванд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  4. Масъалаҳое, ки бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим нагардидаанд, бо розигии тарафҳо ё тавассути шартномаи меҳнатӣ баррасӣ ва ҳал карда мешаванд. Дар сурати байни тарафҳо ба даст наомадани созиш, масъалаҳо тибқи тартибе, ки барои ҳалли баҳсҳои фардӣ ва ё меҳнатии коллективӣ муқаррар гардидаанд, баррасӣ ва ҳал карда мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …