Главная / Ҷамъият / Таъмини амният ҳангоми барасмиятдарорӣ ва пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Таъмини амният ҳангоми барасмиятдарорӣ ва пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 12-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Таъмини  амният ҳангоми барасмиятдарорӣ ва пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

Ҳангоми мавҷуд будани маълумоти кофӣ дар бораи он ки ба иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин хешовандони наздики онҳо бо куштор, зӯроварӣ, несту нобуд кардан ё зарар расонидан ба молу мулк ё дигар амали ғайриқонунии хавфнок таҳдид мекунанд, судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) дар ҷараёни барасмиятдарорӣ ва пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ӯҳдадоранд дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф ва молу мулки ин шахсон чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро андешанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …