Главная / Ҷамъият / Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ

Моддаи 12-и  Қарори шаҳрсозӣ. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади идоракунии давлатӣ дар соҳаи фаъолияти шаҳрсозӣ:
– барномаҳои шаҳрсозиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва амалӣ менамояд;
– санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи фаъолияти шаҳрсозӣ қабул ва тасдиқ менамояд;
– мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозиро муайян менамояд;
– тартиби амалӣ гардидани назорати давлатиро ҷиҳати риояи қонунгузории шаҳрсозӣ муқаррар менамояд;
– тарҳи генералии ҷойгиркунониро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарҳи банақшагирии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии объектҳои фаъолияти шаҳрсозии танзими махсуси аҳамияти умумидавлатидошта, инчунин тарҳи соҳавии рушди ҳудудҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоиро тасдиқ менамояд;
– нақшаҳои генералии шаҳрҳо, маркази ноҳияҳо ва шаҳракҳоро, ки тибқи қонунгузорӣ ба салоҳияти он вогузор карда шудаанд, тасдиқ менамояд;
– сарҳадҳои минтақаҳои наздишаҳрии шаҳрҳоро тасдиқ мекунад;
– сарҳади объектҳои фаъолияти шаҳрсозии танзими махсуси аҳамияти умумидавлатидошта ва тартиби танзими фаъолияти шаҳрсозиро дар ҳудудҳои объектҳои дахлдор муқаррар менамояд;
– тартиби пешбурди кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва мониторинги объектҳои фаъолияти шаҳрсозиро муқаррар менамояд;
– тартиби маблағгузории таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии объектҳои аҳамияти умумидавлатидошта, корҳои таҳқиқотию илмӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, инчунин таҳияи меъёру қоидаҳои шаҳрсозиро муайян менамояд;
– тартиби иҷозатномадиҳиро дар соҳаи фаъолияти шаҳрсозӣ муқаррар менамояд;
– тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро муқаррар менамояд;

  • ќоидањои нархгузории корњои сохтмониро муайян менамояд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1348);
    – мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ мегардонад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …