Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқи корфармо ҳангоми додани рухсатӣ

Ҳуқуқи корфармо ҳангоми додани рухсатӣ

Моддаи 119-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқи корфармо ҳангоми додани рухсатӣ

  1. Корфармо тибқи машварати пешакӣ бо коллективи меҳнатӣ метавонад ба шумораи зиёди кормандон дар фасли тобистон, ба кормандоне, ки дар ин давра ба корҳои таъмир, барқароркунӣ ва навкунии истеҳсолот машғуланд, дар дигар вақти барои онҳо мувофиқ рухсатӣ диҳад.
  2. Аз ҳисоби маблағи сарфакарда (даромад), мутобиқи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, корфармо ҳуқуқ дорад:

– барои кор аз рўи ҷадвали ҳафтаи кори муттасил (дар ҳолати низоми кори бисёрбастӣ) ба муддати на камтар аз 7 рўзи тақвимӣ рухсатии иловагӣ муқаррар намояд;

– барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди меҳнатӣ, иҷрои корҳои махсусан мураккаб ва махсусан муҳим ба муддати на камтар аз 10 рўзи тақвимӣ рухсатии иловагӣ муқаррар намояд;

– андозаи баланди музди ҳамаи намудҳои рухсатиҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла рухсатиҳои давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, нигоҳубини кўдак, фаъолияти эҷодӣ ва ба таҳсил алоқамандро муқаррар намояд;

– кормандонеро, ки рухсатии худро дар истироҳатгоҳҳо ва дигар муассисаҳои солимгардонӣ гузаронида, қобилияти кории худро баланд ва тандурустиашонро беҳтар мекунанд, бо роҳи пурра ё қисман пардохтани арзиши хароҷоти роҳхат ва роҳкиро то ҷойи истироҳату табобат ҳавасманд гардонад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …