Главная / Ҷамъият / Амалӣ кардани ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳангоми аз кор озод намудан

Амалӣ кардани ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳангоми аз кор озод намудан

Моддаи 118-и Кодекси Меҳнат. Амалӣ кардани ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳангоми аз кор озод намудан

  1. Ҳангоми аз кор озод намудан, новобаста аз асосҳои мавҷуда ба корманде, ки рухсатии меҳнатии худро қисман ё пурра истифода набурдааст, ҷубронпулӣ дода мешавад.
  2. Ҳангоми бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо хоҳиши корманд рухсатии меҳнатии ҳарсолаи истифоданашуда ба ў бо шарти аз кор озод кардан пас аз ба итмом расидани рухсатӣ дода мешавад. Дар ин ҳолат санаи аз кор озод шудан рўзи охирини рухсатӣ ҳисоб карда мешавад.
  3. Ҳангоми аз кор озод шудан бинобар ба охир расидани муҳлати шартномаи меҳнатӣ рухсатӣ бо шарти баъд аз рухсатӣ аз кор озод гардидан вақте дода шуда метавонад, агар муҳлати рухсатӣ пурра ё қисман аз муҳлати шартномаи меҳнатӣ бештар бошад. Дар ин ҳолат амали шартномаи меҳнатӣ то ба охир расидани рухсатӣ дарозкардашуда ба ҳисоб меравад.
  4. Ҷубронпулӣ барои рухсатии пурраи меҳнатӣ дар сурате пардохт карда мешавад, ки агар корманд то рўзи аз кор озод шудан дар тамоми соли корӣ кор карда бошад. Агар то рўзи аз кор озод шудан корманд як қисми соли корӣ меҳнат карда бошад, ҷубронпулӣ мутаносибан ба вақти кори кардашуда пардохт карда мешавад.
  5. Ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии истифоданашуда ҳангоми аз кор озод кардан дар рўзи озодкунӣ пардохт карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …