Главная / Ҷамъият / Тарҳи маблағҳои ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ ва дигар тарҳҳо аз рўи воситаҳои асосии истеҳлокшаванда

Тарҳи маблағҳои ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ ва дигар тарҳҳо аз рўи воситаҳои асосии истеҳлокшаванда

Моддаи 118-и Кодекси Андоз. Тарҳи маблағҳои ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ ва дигар тарҳҳо аз рўи воситаҳои асосии истеҳлокшаванда

  1. Ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ доир ба воситаҳои асосӣ ва дороиҳои ғайримоддие, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешаванд, бояд мувофиқи муқаррароти ҳамин модда тарҳ карда шавад. Ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ доир ба воситаҳои асосӣ ва дороиҳои ғайримоддие, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешаванд (дар фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ истифода мешаванд), ҳисоб ва тарҳ карда намешавад.
  2. Ба дороиҳое, ки бояд истеҳлок шаванд, инҳо мансуб нестанд:

-замин, чорво, асарҳои санъат, захираҳои молию моддӣ, аз ҷумла объектҳои сохтмонашон нотамом ва таҷҳизоти васлнашуда, инчунин молу мулке, ки арзишаш ҳангоми муайян намудани манбаи андозбандишавандаи соли равон пурра тарҳ карда мешавад ва дигар дороиҳое, ки истеҳлок намешаванд;

-воситаҳои асосие, ки ройгон гирифта шудаанд;

-воситаҳои асосие, ки арзишашон пештар пурра тарҳ шуда буд;

-воситаҳои асосии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, муассисаҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла воситаҳои асосие, ки онҳо барои гирифтани даромад истифода мебаранд.

  1. Воситаҳои асосии истеҳлокшаванда ба гурўҳҳои дорои меъёрҳои зерини истеҳлокӣ тақсим мешаванд:

 

Гурўҳ Намуди молу мулк Меъёри истеҳлок

(бо фоиз)

1. Техникаи автотрактории роҳсозӣ;асбобу анҷом ва лавозимоти махсус; мошинаҳои электронии ҳисоббарор, дастгоҳҳо ва воситаҳои маҳаллии коркарди маълумот 20
2. Автомобилҳои боркаш, автобусҳо,

автомобилҳои махсус ва ядакҳо;мошинаҳо ва таҷҳизот барои тамоми соҳаҳои саноат, истеҳсолоти рехтагарӣ; таҷҳизоти оҳангарию прессҳо;таҷҳизоти сохтмон; мошинаҳо ва таҷҳизоти кишоварзӣ; автомобилҳои сабукрав; мебели идора.

15
3. Мошинаҳо ва таҷҳизоти қуввадиҳанда; таҷҳизоти техникӣ, таҷҳизоти турбинӣ, муҳаррикҳои электрикӣ ва  генераторҳои дизелӣ;воситаҳои интиқоли барқ; таҷҳизоти электронӣ ва воситаҳои алоқа; хатҳои қубур 8
4. Биноҳо, иншоот ва иморатҳо, воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан, баҳрӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ 7
5. Дороиҳои истеҳлокшавандае, ки ба дигар гурўҳҳо мансуб нестанд 10

 

  1. Ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ доир ба ҳар гурўҳи воситаҳои асосӣ (минбаъд – гурўҳ) бо роҳи татбиқи меъёри истеҳлокӣ дар қисми 3 ҳамин модда нишондодашуда, нисбат ба тавозуни арзиши гурўҳ дар охири соли тақвимӣ ҳисоб карда мешавад.Ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ нисбат ба воситаҳои асосӣ ва дороиҳои ғайримоддии дар давоми соли тақвимӣ воридшуда (хориҷшуда) аз моҳи тақвимии пас аз истифодаи воқеии (аз истифода баровардани воқеии) онҳо анҷом дода (қатъ карда) мешавад.
  2. Ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ доир ба воситаҳои асосии гурўҳи 4 на аз рўи гурўҳбандӣ, балки барои ҳар як воситаи асосӣ дар алоҳидагӣ ҳисоб карда мешавад.
  3. Тавозуни арзиши гурўҳ дар охири соли тақвимӣ ба маблағе баробар аст, ки бо тариқи зайл муайян карда мешавад (вале бояд аз сифр кам (манфӣ) набошад):

-тавозуни арзиши гурўҳ дар охири соли гузашта бо дарназардошти тарҳи маблағҳои истеҳлокӣ барои соли гузашта, инчунин маблағе, ки дар қисмҳои 8 ва 9 ҳамин модда пешбинӣ шудааст;

-ҷамъи арзиши воситаҳои асосӣ мутобиқи қисми 1 ҳамин модда ва моддаи 153 Кодекси мазкур (бе дарназардошти зиёдшавии арзиши дороиҳо дар натиҷаи азнавнархгузорӣ), ки дар давоми соли тақвимӣ ба гурўҳ ҷамъ мешавад, бо дарназардошти маблағи дар қисми 4 ҳамин модда ва қисми 2 моддаи 119 Кодекси мазкур нишондодашуда (дар қисми хароҷот барои таъмире, ки барои тарҳ роҳ дода намешаванд);

-тарҳи маблағе, ки дар давоми соли тақвимӣ аз фурўши воситаҳои асосӣ гирифта шудааст, ки дар асоси нархи фурўш муқаррар карда мешавад, бо дарназардошти талаботи муқаррарнамудаи қисми 4 ҳамин модда.

  1. Агар тавозуни арзиши гурўҳи муайяни воситаҳои асосӣ дар охири соли тақвимӣ аз сифр кам бошад, андозсупоранда бояд бузургии мутлақи чунин тавозуни арзишро ҳамчун даромад ба даромади умумӣ ҳамроҳ намояд ва тавозуни арзиши чунин гурўҳи воситаҳои асосиро ба сифр баробар кунад.Бузургии манфии тавозуни арзиши гурўҳи муайяни воситаҳои асосӣ маънои онро дорад, ки дар давоми соли тақвимӣ маблағи аз фурўши воситаҳои асосии ин гурўҳ бадастомада аз маблағи (бузургии) тавозуни арзиши ин гурўҳи воситаҳои асосӣ дар охири соли гузашта бо тарҳи истеҳлок барои соли гузашта бо дарназардошти (зам кардани) арзиши воситаҳои асосие, ки ба гурўҳ дар давоми соли тақвимӣ илова карда шудаанд, зиёд мебошад.
  2. Агар тавозуни арзиши гурўҳ дар охири сол камтар аз 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил намояд, маблағи тавозуни арзиши гурўҳ бояд тарҳ карда шавад.
  3. Агар тамоми воситаҳои асосии гурўҳ фурўхта, дода ё барҳам дода шуда бошанд, тавозуни арзиши гурўҳ дар охири соли тақвимӣбо дарназардошти муқаррароти қисми 4 ҳамин модда бояд тарҳ карда шавад.

10 Арзиши воситаҳои асосии барои иҷораи молиявӣ (лизинг) додашуда (аз рўи иҷораи молиявӣ (лизинг) гирифташуда) дар тавозуни арзиши гурўҳи дахлдори иҷорагир ҳисоб карда мешавад.

  1. Барои иҷорадеҳ маблағи асосие, ки барои воситаҳои асосии ба иҷораи молиявӣ (лизинг) додашуда ба ў пардохт шудааст, ҳамчун маблағе баррасӣ мегардад, ки ҳангоми фурўши чунин воситаҳои асосӣ барои мақсадҳои сархати сеюми қисми 6 ҳамин модда гирифта шудааст, агар воситаҳои асосӣ ба тавозуни арзиши гурўҳ то интиқоли онҳо ба иҷораи молиявӣ (лизинг) дохил карда шуда бошанд. Барои иҷорагир маблағи асосие, ки он ба иҷорадеҳ мепардозад, ҳамчун нархи хариди воситаҳои асосӣ баррасӣ мегардад.

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …