Главная / Ҷамъият / Тартиби баррасии баҳсҳо дар хусуси истифодаи об

Тартиби баррасии баҳсҳо дар хусуси истифодаи об

Моддаи 117-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тартиби  баррасии баҳсҳо дар хусуси истифодаи об

1.Баҳсҳо дар хусуси истифодаи об дар аризаи  далелноки яке аз тарафҳо, ки  ба он ҳуҷҷатҳои лозимӣ, аз ҷумла  маводи  дар якҷоягӣ аз тарафи  мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, идораи  системаи  обтаъминкунӣ, истифодабарандагони об таҳияшуда замима мегардад, баррасӣ карда  мешаванд.

2.Иҷрои қарорҳо дар мавриди баҳсҳои вобаста ба истифодаи об, агар дар қарор мақоми дигари иҷрокунанда зикр нагардида бошад, аз  ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об таъмин карда мешавад. Даъво аз болои қарор  дар мавриди баҳси вобаста ба истифодаи об иҷрои онро мавқуф  намегузорад. Мақоми дар хусуси баҳси   вобаста  ба истифодаи об қарор  қабулкарда ҳуқуқ дорад,  иҷрои қарорро то аз ҷониби мақоми болоӣ баррасӣ гардидани даъво мавқуф гузорад.  (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

zan-mard-jogah

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб маҳкум …