Главная / Ҷамъият / Тарҳҳо нисбат ба хароҷот барои таҳқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва таҷрибавию конструкторӣ

Тарҳҳо нисбат ба хароҷот барои таҳқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва таҷрибавию конструкторӣ

Моддаи 117-и Кодекси Андоз. Тарҳҳо нисбат ба хароҷот барои таҳқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва таҷрибавию конструкторӣ

  1. Тарҳ нисбат ба хароҷот барои таҳқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва таҷрибавию конструктории вобаста ба гирифтани даромади умумӣ, ба истиснои хароҷот барои харидани воситаҳои асосӣ, васли онҳо ва дигар хароҷоти хусусияти асосидошта (капиталӣ) анҷом дода мешавад. Асос барои тарҳи чунин хароҷот супоришҳои техникӣ, ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ, санади корҳои иҷрошуда ва санадҳои қабули зинаҳои иҷрошудаи чунин корҳо ба ҳисоб мераванд.
  2. Муқаррароти қисми 1 ҳамин модданисбат ба хароҷот барои таҳқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва (ё) таҷрибавию конструкторӣ дар ташкилотҳое, ки ин намудҳои фаъолиятро ба сифати иҷрочӣ (пудратчӣ ё зерпудратчӣ) анҷом медиҳанд, паҳн намешаванд. Ҳароҷоти зикршуда ҳамчун хароҷот барои амалӣ намудани фаъолияти ин ташкилотҳо, ки барои гирифтани фоида (даромад) равона шудааст, ҳисобида мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …