Главная / Ҷамъият / Масъулият барои сари вақт напардохтани алимент

Масъулият барои сари вақт напардохтани алимент

Моддаи 116-и Кодекси оила. Масъулият барои сари вақт  напардохтани алимент 

  1. Ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки ӯҳдадор аст тибқи созишномаи пардохти алимент алимент супорад, шахси гунаҳгор мувофиқи тартиби пешбининамудаи ҳамин созишнома ҷавобгар мебошад.
  2. Ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки тибқи ҳалномаи суд бояд алимент супорад, шахси гунаҳгор ба алиментгиранда аз маблағи напардохтаи алимент барои ҳар рӯзи гузаронидашуда дар ҳаҷми 0,1 фоиз ҷаримаи аҳдшиканӣ месупорад. (ҚҶТ аз 26.12.11с. №791)

Алиментгиранда инчунин ҳуқуқ дорад аз гунаҳгоре, ки ба пардохти алимент ӯҳдадор аст, барои сари вақт напардохтани алимент  тамоми зарареро, ки вобаста ба сари вақт анҷом надодани ӯҳдадориҳои пардохти алимент дар қисми ҷаримаи аҳдшиканӣ расонида шудааст, ситонад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …