Главная / Ҷамъият / Тарҳҳо нисбат ба қарзҳои беэътимод (шубҳанок)

Тарҳҳо нисбат ба қарзҳои беэътимод (шубҳанок)

Моддаи 115-и Кодекси Андоз. Тарҳҳо нисбат ба қарзҳои беэътимод (шубҳанок)

  1. Андозсупорандагон нисбат ба қарзҳои беэътимоди (шубҳаноки) вобаста ба таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо ба тарҳ ҳуқуқ доранд, агар даромади марбут ба онҳо қаблан ба даромади умумие, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ гирифта шудааст, дохил карда шуда бошад.
  2. Тарҳ нисбат ба қарзи беэътимод (шубҳанок) ҳангоми аз дафтарҳои муҳосибавии андозсупоранда чун қарзи беарзиш аз ҳисоб баровардани он иҷозат дода мешавад.
  3. Бонкҳо, ширкатҳои қарзӣ ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ба тарҳи 90 фоизи ҳиссаҷудокуниҳо ба захира барои пўшонидани талафҳои эҳтимолӣ доир ба қарзҳо (минбаъд – захира) мувофиқи қоидаҳои ташаккули ин захира ва таснифи қарзҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ба истиснои қарзҳои стандартӣ, қарзҳое, ки барои мақсадҳои лизинг ё таъминоти бегарав, қарзҳои ба фоидаи тарафҳои бо ҳам алоқаманд ё ин ки тибқи ўҳдадориҳои тарафҳои бо ҳам алоқаманд ба шахсони сеюм дода шудаанд.
  4. Ҳиссаҷудокуниҳо аз рўи қарзҳое, ки дар захира зиёда аз 2 сол пас аз анҷом ёфтани мўҳлати пешбининамудаи шартномаи қарзӣ нигоҳ дошта шудаанд, ба даромади бонкҳо, ширкатҳои қарзӣ ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурди зикршуда дохил карда мешаванд. (Амали қисми 4 моддаи мазкур то 31 декабри соли 2018 бо ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367 боз дошта шудааст)
  5. Захираҳои ташкилшаванда доир ба қарзҳои беэътимод (шубҳанок) наметавонанд, ки аз 10 фоизи даромади дар давраи ҳисоботӣ бадастовардашуда зиёд бошанд.
  6. Дастурамал оид ба муайян намудани маблағи тарҳи иҷозатшударо аз даромади умумӣ барои мақсадҳои қисмҳои 3, 4 ва 5 ҳамин модда мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …