Главная / Ҷамъият / Рухсатии иҷтимоӣ

Рухсатии иҷтимоӣ

Моддаи 114-и Кодекси Меҳнат. Рухсатии иҷтимоӣ

  1. Рухсатии иҷтимоӣ ба кормандон барои фаъолияти эҷодӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, нигоҳубини кўдак ва таҳсил бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот дода мешавад.
  2. Ҳуқуқи кормандон ба рухсатии иҷтимоӣ ба давомнокӣ, ҷой ва намуди кор, номгўй ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот вобаста нест.
  3. Дар вақти рухсатии иҷтимоӣ ҷойи кори пештара нигоҳ дошта мешавад ва дар ҳолатҳои дар Кодекси мазкур, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинишуда музди меҳнат нигоҳ дошта мешавад.
  4. Рухсатии иҷтимоӣ илова ба рухсатии меҳнатӣ дода мешавад.
  5. Рухсатии иҷтимоӣ барои ҳамон соли тақвимие дода мешавад, ки корманд ба он ҳуқуқ дорад.
  6. Дар ҳолати истифода набурдани рухсатии иҷтимоӣ дар соли ҷории тақвимӣ он ба соли дигари корӣ гузаронида намешавад ва бо маблағи пулӣ ҷуброн карда намешавад, аз ҷумла, дар сурати аз кор озод шудан.

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …