Главная / Ҷамъият / Маҳдудияти тарҳҳо нисбат ба фоизҳо

Маҳдудияти тарҳҳо нисбат ба фоизҳо

Моддаи 114-и Кодекси Андоз. Маҳдудияти тарҳҳо нисбат ба фоизҳо

  1. Агар дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳаҷми дар асл пардохтшудаи фоизҳо барои ҳар як қарз тарҳ карда мешавад, аммо ба андозаи на бештар аз маблағи секаратаи фоизҳои бо истифодаи меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобшуда (бояд ҳисоб карда шавад), ки дар давраи андоз амал мекунад. Ҳамин муқарраротнисбат ба фоизҳои супоридашаванда тибқи шартномаҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) низ татбиқ мегардад.
  2. Фоизҳои қарзҳое, ки бинобар харидорӣ намудан ва (ё) сохтани воситаҳои асосии истеҳлокшаванда пардохт мешаванд ё ба хароҷоте вобастаанд, ки ба тағйирёбии арзиши то ба истифода додани онҳо таъсир мерасонанд, аз даромади умумии солона тарҳ карда намешаванд, вале арзиши чунин воситаҳои асосиро зиёд менамоянд.
  3. Нисбат ба корхона, агар зиёда аз 25 фоизи сармояи оинномавиаш (саҳмияҳояш) мустақим ё ғайримустақим ба ғайрирезидентҳо ё шахсони ҳуқуқии аз андоз аз фоида озод тааллуқ дошта бошад, доир ба ҳар як қарзи дар доираи давраи андоз истифодашуда фоизҳои пардохтшуда мувофиқи қисми 1 ҳамин модда тарҳ карда мешаванд, аммо ҳамзамон маблағи ниҳоии фоизҳое, ки мувофиқи қисми 1 ҳамин модда метавонанд тарҳ шавад, бо маблағҳои зерин маҳдуд мегардад:

-ҳама гуна даромади фоизии чунин корхона;

-ҷамъи 50 фоизи бузургие, ки дар натиҷаи кам кардани даромади умумии (ғайр аз даромади фоизии) ин корхона ба тарҳҳои мутобиқи боби мазкур иҷозатшуда, ба истиснои тарҳҳо нисбат ба фоизҳо ҳосил шудааст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …