Главная / Ҷамъият / Ӯҳдадории додани маълумот дар хусуси тағйири ҷои кори шахси алиментдиҳанда

Ӯҳдадории додани маълумот дар хусуси тағйири ҷои кори шахси алиментдиҳанда

Моддаи 112-и Кодекси оила. Ӯҳдадории додани маълумот дар хусуси тағйири ҷои кори шахси алиментдиҳанда

  1. Маъмурияти ташкилоте, ки бо ҳалномаи суд ё созишномаи аз ҷониби идораи наториалии давлатй тасдиқшудаи пардохти алимент алиментро нигоҳ медошт, вазифадор аст, ки дар муддати се рӯз ба иҷрочии суди маҳали иҷрои ҳалнома дар бораи ситонидани алимент ва ба шахси алиментгиранда дар хусуси аз кор озод шудани шахси алиментдиҳанда ва агар маълум бошад, дар хусуси ҷои нави кор ё истиқомати ӯ хабар диҳад.
  2. Шахсе, ки барои додани алимент ӯҳдадор аст, бояд дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда ба иҷрочии суд ва ба алиментгиранда дар хусуси дигар шудани ҷои кор ё истиқоматаш ва дар сурати додани алимент ба кӯдакони ноболиғ инчунин дар хусуси музди кор ё даромади дигари иловагӣ хабар диҳад.
  3. Дар сурати бо сабабҳои беасос хабар надодани маълумоти дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикргардида, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони дигаре, ки дар ин кор гунаҳгоранд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …