Главная / Ҷамъият / Пардохти рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола

Пардохти рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола

Моддаи 112-и Кодекси Меҳнат. Пардохти рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола

  1. Дар давраи рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола ба корманд ба андозаи на камтар аз музди миёнаи меҳнат пардохт кафолат дода мешавад.
  2. Пардохти рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи шартномаи коллективӣ, вале на дертар аз як ҳафта пеш аз оғози он сурат мегирад.
  3. Корфармо ҳуқуқ дорад ҳангоми пешниҳоди рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола тибқи санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) ва шартномаи коллективӣ ба корманд иловапулӣ (кумакпулӣ) пардохт намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …