Главная / Ҷамъият / Ба қисмҳо ҷудо кардани рухсатии меҳнатӣ. Бозхонд аз рухсатии меҳнатӣ

Ба қисмҳо ҷудо кардани рухсатии меҳнатӣ. Бозхонд аз рухсатии меҳнатӣ

Моддаи 111-и Кодекси Меҳнат. Ба қисмҳо ҷудо кардани рухсатии меҳнатӣ. Бозхонд аз рухсатии меҳнатӣ

  1. Рухсатии меҳнатиро бо мувофиқаи корманд ва корфармо ба қисмҳо ҷудо кардан мумкин аст, ки яке аз қисмҳои он набояд аз 14 рўзи тақвимӣ камтар бошад.
  2. Аз рухсатии меҳнатӣ бозхондан танҳо бо розигии корманд мумкин аст.
  3. Ҳангоми бозхондан аз рухсатии меҳнатӣ қисми истифоданашудаи рухсатӣ бояд ба корманд дар давоми ҳамон соли корӣ дар вақти барояш мусоид дода шавад ва ё ба рухсатии соли кории ояндааш бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 108 Кодекси мазкур илова гардад, агар дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дигар ҳолатҳо пешбинӣ нашуда бошанд.
  4. Аз рухсатии меҳнатӣ бозхондани кормандони аз ҳаждаҳсола хурд ва кормандоне, ки дар шароити барои саломатӣ зарарнок, хавфнок ва вазнини меҳнат кор мекунанд ё корашон хусусияти махсус дорад, инчунин дигар шахсон дар ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мумкин нест.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …