Главная / Ҷамъият / Мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт

Мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт

Моддаи 111-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт 

  1. Мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 290-294, 296, 297, 300, 305, 306, 311 ( ба истиснои шахсони ҳуқуқӣ), 322 (ба истиснои қисми риоя накардани тартиби муқарраргардидаи кашонида бурдани воситаҳои нақлиёти механикӣ) ва 323 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт роҳбарони сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ҳуқуқ доранд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …