Главная / Ҷамъият / Танзими давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ

Танзими давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ

Моддаи 11-и  Қарори шаҳрсозӣ. Танзими давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ

  1. Танзими давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ тавассути татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва амалӣ намудани идоракунии давлатӣ таъмин карда мешавад.
  2. Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ва танзими фаъолияти шаҳрсозӣ инҳоянд:

– таҳия ва татбиқи самтҳои асосии сиёсати давлатии шаҳрсозӣ;

– таҳия ва татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои давлатию соҳавӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ;

– гузаронидани таҳқиқоти илмӣ;

– қабул кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ;

– банақшагирии шаҳрсозӣ ва минтақабандии ҳудудҳо;

– таъсис ва пешбурди кадастри шаҳрсозӣ;

– назорати таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои шаҳрсозӣ;

– бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии фаъолияти шаҳрсозӣ;

– иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти шаҳрсозӣ;

– муқаррар намудани нархҳо;

– экспертизаи давлатии лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, меъморӣ ва ҳуҷҷатҳои сохтмонӣ;

– назорати давлатии сохтмон;

– мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани дигар чорабиниҳо дар соҳаи шаҳрсозӣ.

  1. Идоракунии давлатии фаъолияти шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, сохторҳои маҳаллии он ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ менамоянд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

emomali-rahmon

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик намуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин шахсан занг зада бо зодрӯзаш табрик намудааст.  Бино …