Бозрасии назорати давлатии тухмӣ
18.04.2018
68 Показы
Моддаи 109-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Бозрасии назорати давлатии тухмӣ

- Бозрасии назорати давлатии тухмӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 265, 2651 -2655 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, баррасӣ менамояд.
- Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи Бозрасии назорати давлатии тухмӣ сардори Бозрасӣ (сарнозири давлатии назорати тухмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон), муовини сардори Бозрасӣ (муовини сарнозири давлатии назорати тухмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва сарнозирони сохторҳои Бозрасӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳуқуқ доранд.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-18
Tags Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Инчунин кобед
Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …