Главная / Ҷамъият / Меъёрҳои андоз

Меъёрҳои андоз

Моддаи 109-и Кодекси Андоз. Меъёрҳои андоз

  1. Бо дарназардошти қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда фоидаи андозсупоранда, ки ба маблағи зарари расида бо дарназардошти талаботи моддаи 124 Кодекси мазкур кам карда шудааст, бояд аз рўи меъёрҳои зерин андозбандӣ карда шавад:

1) Барои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо:

– аз 1-уми январи соли 2013 – 15 фоиз, вале на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ;

– аз 1-уми январи соли 2015 – 14 фоиз, вале на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ;

– аз 1-уми январи соли 2017 – 13 фоиз, вале на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ.

2) Барои дигар намудҳои фаъолият:

– аз 1-уми январи соли 2013 – 25  фоиз, вале на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ;

– аз 1-уми январи соли 2015 – 24 фоиз, вале на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ;

– аз 1-уми январи соли 2017 – 23 фоиз, вале на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ.

  1. Намудҳои даромади умумии ғайрирезидент, ки дар қисми 4 моддаи 106 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, аз рўи меъёрҳои пешбининамудаи моддаи 128 Кодекси мазкур андозбандӣ мешаванд.
  2. Фоидаи ғайрирезидент дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 106 Кодекси мазкур аз рўи меъёри 25 фоиз, вале на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ андозбандӣ мешавад.
  3. Фоидаи тавозунии воқеан бадастовардаи Бонки миллии Тоҷикистон ба буҷети давлатӣ аз рӯи меъёрҳое, ки дар моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» муқаррар шудаанд, пардохта мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …