Главная / Ҷамъият / Рухсатии меҳнатии ҳарсола ва ҳолатҳои истисноии ба соли дигар гузаронидани он

Рухсатии меҳнатии ҳарсола ва ҳолатҳои истисноии ба соли дигар гузаронидани он

Моддаи 108-и Кодекси Меҳнат. Рухсатии меҳнатии ҳарсола ва ҳолатҳои истисноии ба соли дигар гузаронидани он

  1. Корфармо уҳдадор аст, ки ба корманд дар давоми ҳар як соли корӣ (ҳар сол) рухсатии меҳнатӣ пешниҳод намояд.
  2. Дар ҳолатҳои истисноӣ, ки пешниҳоди рухсатии пурраи меҳнатӣ ба корманд дар соли ҷорӣ ба раванди муътадили кори ташкилот, соҳибкори инфиродӣ таъсири номатлуб расонида метавонад, бо розигии корманд рухсатии ўро пурра ё қисман ба соли дигар гузаронидан мумкин аст.
  3. Рухсатии меҳнатие, ки бо хоҳиши корманд ба соли дигар гузаронида шудааст, ба рухсатии соли ояндаи корӣ ҳамроҳ карда мешавад ё ба таври алоҳида, на дертар аз як соли пайдо кардани ҳуқуқ ба рухсатӣ мавриди истифода қарор мегирад.
  4. Ба кормандони синнашон ба ҳаждаҳ нарасида ва кормандоне, ки ба корҳои вазнин машғул мебошанд ва дар шароити вазнин ё зарарноки меҳнатӣ кор мекунанд, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба соли дигар гузаронидани рухсатии меҳнатӣ иҷозат дода намешавад.
  5. Дар давоми ду соли пай дар пай надодани рухсатии меҳнатӣ манъ аст.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

perepis

Аз 1-уми октябр дар Тоҷикистон баруйхатгирии аҳолӣ оғоз мегардад

Аз 01.10.2020 дар Тоҷикистон фаъолияти барӯйхатгирӣ – барӯйхатгирии аҳолӣ оғоз мегардад. Дар ин бора дар …