Главная / Ҷамъият / Вақт ва навбати додани рухсатии меҳнатӣ

Вақт ва навбати додани рухсатии меҳнатӣ

Моддаи 107-и Кодекси Меҳнат. Вақт ва навбати додани рухсатии меҳнатӣ

  1. Вақт ва навбати додани рухсатии меҳнатӣ бо тартиби пешбининамудаи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, ҷадвали рухсатиҳо, ки бо намояндагони кормандон мувофиқа карда шудаанд ва ё бо мувофиқаи байни корфармо ва кормандон муайян карда мешаванд.
  2. Ҷадвали дода шудани рухсатиҳои меҳнатӣ барои соли тақвимӣ тибқи муҳлатҳои муқаррарнамудаи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиб дода мешавад, ки он бо корфармо ва иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон ба мувофиқа расида, ба маълумоти ҳамаи кормандон пешниҳод карда мешавад.
  3. Ҳангоми муайян намудани вақт ва навбати пешниҳоди рухсатӣ, ҳуқуқҳои кормандони зерине, ки барои гирифтани рухсатӣ имтиёз доранд, бояд таъмин карда шаванд:

1) Дар давраи тобистон ва дигар вақти мувофиқ:

– ба кормандони синни то ҳаждаҳ;

– ба омўзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муаллимони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус ва ҳайати профессорию омўзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;

– ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

– ба занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки ду ва ё зиёда кўдаки синни то чордаҳ ё кўдаки маъюби то синни ҳаждаҳ доранд;

– ба кормандоне, ки ба бемории шуоъӣ гирифтор шудаанд ё онро аз сар гузаронидаанд ва дигар бемориҳои бо паҳншавии нури радиатсионӣ вобастабуда;

– ба кормандоне, ки дар бартарафкунии оқибати садамаи Чернобил ва дигар минтақаҳои заҳролудшуда ё рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ иштирок кардаанд;

– дар дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ.

2) Дар давраи муайян:

– ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ (шуъбаҳои шабона), муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва аспирантураҳо – пеш аз гузаронидан ё дар ҳолати гузаронидани машғулиятҳои муқарраргардида, иҷрои корҳои лабораторӣ ё таълимӣ, супоридани имтиҳонҳо ё санҷишҳо ба омўзиш машғуланд;

– ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд – дар як вақт бо рухсатии меҳнатии ҷойи кори асосӣ.

  1. Ба корманд бояд 15 рўз пеш аз саршавии рухсатӣ оид ба вақти пешниҳоди рухсатӣ хабар дода шавад.
  2. Ба мардон мувофиқи хоҳишашон ҳангоми рухсатӣ барои давраи ҳомиладорӣ ва таваллуди ҳамсарашон рухсатии ҳарсолаи меҳнатӣ пешниҳод карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …