Главная / Ҷамъият / Манбаи андоз

Манбаи андоз

Моддаи 107-и Кодекси Андоз. Манбаи андоз

  1. Манбаи андоз ин даромади умумӣ барои давраи андоз мебошад, ки ба маблағи тарҳҳои муқарраркардаи Кодекси мазкур кам карда шудааст, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисми 4 ҳамин модда.
  2. Даромади умумии резидент аз даромадҳое иборат мебошад, ки ҳамин шахс дар давоми давраи андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он гирифтааст (бояд гирад).
  3. Даромади умумии ғайрирезидент, ки фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ амалӣ менамояд, аз даромадҳои ба фаъолияти муассисаи доимӣ алоқаманд иборат мебошад, ки ҳамин шахс гирифтааст (бояд гирад).
  4. Манбаи андозиғайрирезидентаз даромади умумии аз манбаъҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бадастовардаи ў, ки ба муассисаи доимиаш алоқаманд нест, иборат мебошад.
  5. Барои мақсадҳои андоз аз фоида инҳо даромад ҳисобида намешаванд:

– арзиши  молу мулке, ки ба сифати ҳиссаи саҳм ва (ё) саҳм дар сармояи оинномавии андозсупоранда гирифта шудааст;

– кумакҳои молиявие (субсидияҳое), ки муассисаҳои давлатии фарҳангӣ то 1 январи соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории фаъолияти худ мегиранд (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188);

-маблағи пуле, ки андозсупоранда – эмитент аз паҳнкунии саҳмияҳои баровардааш гирифтааст.

  1. Барои ҳар як намуди даромадҳое, ки нисбат ба онҳо меъёрҳои гуногуни андоз муқаррар шудаанд, манбаи андоз алоҳида муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …