Главная / Ҷамъият / Объекти андозбандӣ

Объекти андозбандӣ

Моддаи 106-и Кодекси Андоз. Объекти андозбандӣ

  1. Объекти андозбандии андоз аз фоида барои резидент даромади умумӣ мебошад, ки ба маблағи тарҳҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур кам карда мешавад.
  2. Даромади умумӣ аз даромадҳо, подошпулиҳо ва манфиатҳои андозсупоранда дар шакли пулӣ ва моддӣ (ғайримоддӣ), аз ҷумла тамоми воридоте, ки боиси афзоиши дороиҳои софи андозсупоранда мегардад, ба истиснои воридоте, ки аз андоз аз фоида озод аст, иборат мебошад.
  3. Объекти андозбандии ғайрирезиденте, ки фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ амалӣ менамояд, даромади умумии он аз манбаъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муассисаи доимӣ мебошад, ки ба маблағи тарҳҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур нисбат ба чунин даромад кам карда шудааст.
  4. Намудҳои даромади умумии ғайрирезидент, ки ба муассисаи доимии он алоқаманд нест, агар манбаи даромад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир бошад, дар манбаи даромад бе тарҳи хароҷот тибқи моддаи 128 Кодекси мазкур андозбандӣ мегарданд.
  5. Ҳангоми аз ҷониби ғайрирезидент гирифтани даромад аз фурўш ё супурдани молу мулк ва (ё) ҳуқуқҳои молумулкӣ, ки бо муассисаи доимии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд намебошад, объекти андозбандӣ даромади умумии аз ин амалиёт аз манбаи воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба маблағи тарҳҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур кам карда шудааст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …