Главная / Ҷамъият / Баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола

Баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола

Моддаи 101-и Кодекси Меҳнат. Баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола

  1. Давомнокии рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола бо рўзҳои тақвимӣ, сарфи назар аз низом ва ҷадвали корӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
  2. Рўзҳои иди ғайрикорӣ, ки ба давраи рухсатӣ рост меоянд, мувофиқи моддаи 89 Кодекси мазкур ҳангоми муайян намудани давомнокии рухсатӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд.
  3. Ҳангоми баҳисобгирии давомнокии умумии рухсатии меҳнатии ҳарсола рухсатии иловагӣ, ки муҳлати онро Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ба рухсатии асосии ҳарсола (аз ҷумла дарозкардашуда) зам карда мешавад.
  4. Ҳангоми баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола мутаносибан ба вақти кори анҷомдодашуда давомнокии онҳо бо роҳи тақсими андозаи ҳар як рухсатӣ ба 12 ва зарбзании он ба шумораи моҳҳои пурраи корӣ муайян карда мешавад.
  5. Зимнан вақти изофа, ки ба 15 рўзи тақвимӣ баробар ва бештар аз он бошад, яклухт бо як моҳ баробар ҳисоб карда шуда, вале камтар аз 15 рўз ба инобат гирифта намешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …