Главная / Ҷамъият / Мақомоти заминсозӣ ва геодезӣ

Мақомоти заминсозӣ ва геодезӣ

Моддаи 100-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти заминсозӣ ва геодезӣ 

  1. Мақомоти заминсозӣ ва геодезӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 141-146, 148, 149, 151, 152, 155-164, 676-678, 679 қисми 1, 680-682 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти заминсозӣ ва геодезӣ инҳо ҳуқуқ доранд:

– сардори раёсати назорати давлатии замин, сардорони шӯъбаҳои ҳамин раёсат, роҳбарон ва муовинони роҳбарони сохторҳои мақомоти давлатии заминсозӣ ва геодезӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 141-146, 148, 149, 151, 152, 155-164 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;

– сардори Раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 676-678, 679 қисми 1, 680-682 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …