Главная / Ҷамъият / Даромадҳои шахси воқеӣ аз фаъолияте, ки ба меҳнати кироя мансуб нест

Даромадҳои шахси воқеӣ аз фаъолияте, ки ба меҳнати кироя мансуб нест

Моддаи 100-и Кодекси Андоз. Даромадҳои шахси воқеӣ аз фаъолияте, ки ба меҳнати кироя мансуб нест

  1. Даромадҳои зерин аз фаъолияти ғайрисоҳибкории шахси воқеӣ даромади шахси воқеӣ аз фаъолияте мебошад, ки ба меҳнати кироя мансуб нест:

-даромади фоизҳо;

-суди саҳмияҳо (дивидендҳо);

– даромад аз иҷораи (кирояи) молу мулк ва (ё) афзоиши арзиш аз фурўши молу мулк;

-роялти;

-маблағи қарзи ба андозсупоранда бахшидаи қарздиҳанда.

  1. Ба даромадҳои шахси воқеӣ аз фаъолияте, ки ба меҳнати кироя мансуб нест, инчунин ҳама гуна манфиате, ки аз ҷониби он гирифта шудааст ва (ё) дигар даромадҳо, ба истиснои даромад дар шакли музди меҳнат ва (ё) даромад аз фаъолияти соҳибкории инфиродӣ низ мансуб мебошанд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр 2019 ба шоми 31-уми май рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …