Главная / Ҷамъият / Сервитутҳо ва маҳдуд гардонидани ҳуқуқҳо ба қитъаҳои замин ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ

Сервитутҳо ва маҳдуд гардонидани ҳуқуқҳо ба қитъаҳои замин ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ

Моддаи 10-и  Қарори шаҳрсозӣ. Сервитутҳо ва маҳдуд гардонидани ҳуқуқҳо ба қитъаҳои замин ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ

  1. Сервитутҳо ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ дар мавридҳое муқаррар карда мешаванд, ки манфиати соҳибмулкони бино ва иншоот барои амалҳои зерин наметавонад бе маҳдуд намудани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини бегона таъмин карда шаванд:

– сохтмон, таҷдид ва таъмири бино ва иншоот;

– сохтмон, таҷдид, таъмир ва ба истифода додани объектҳои инфрасохторҳои муҳандисӣ;

– гузаронидани корҳо оид ба ҳифзи ҳудудҳо аз зериобмонӣ ва қисман зериобмонӣ;

– гузаштан тавассути қитъаи замини бегона;

– эҳтиёҷоти дигари соҳибмулкони бино ва иншоот.

  1. Гаронии ҳуқуқҳо барои қитъаҳои замин ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ, ӯҳдадориҳо ва маҳдудсозиҳои ҳуқуқҳои истифодабарандагони қитъаҳои заминро дар бар мегиранд ва дар асоси ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, меъёру қоидаҳои сохтмонӣ муқаррар карда мешаванд.
  2. Тартиби муқаррар намудан ва қатъ кардани сервитутҳо ва гаронии ҳуқуқҳои истифодабарандагони қитъаҳои заминро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …