Главная / Илм / МОДДАҲОИ МИНЕРАЛӣ.

МОДДАҲОИ МИНЕРАЛӣ.

mineralМОДДАҲОИ МИНЕРАЛӣ. Дар баробари моддаҳои органикӣ – сафеда, ангиштоб ва чарбу дар ҳуҷайраи организмҳои зинда пайвастҳое низ мавҷуданд, ки ба М. м. тааллуқ доранд. Ба онҳо об ва намакҳои гуногуни ҳалшуда мансубанд. Онҳо диссосиатсия (таҷзия) шуда, ионҳо – катионҳо (мусбатзаряд) ва анионҳо (манфизаряд)-ро ҳосил мекунанд. Аксар М. м. ба таркиби моддаҳои мураккаби органикӣ, мас., металлопротеидҳо (металлсафедаҳо) дохил мешаванд. Чунончӣ, оҳан ба таркиби гемоглобин, магний, манган, мис, кобалт ва диг. металлҳо ба таркиби бисёр ферментҳо дохиланд. М. м. ҷузъи муҳими ғизо буда, ҳаёт ва инкишофи мӯътадили организмро таъмин месозанд.
Организми ҳайвонот ба М. м. ниҳоят ҳассос аст. Олими маъруфи рус Ф. Ф. Эрисман навишта буд: «ғизое, ки намаки минералӣ надорад, сарфи назар аз қонеъ гардондани ҳамаи шартҳои тағзия тадриҷан ба марг оварда мерасонад, зеро аз намак танқисӣ кашидани организм боиси номураттабии хурду хӯрок мешавад». Чунин хулоса дар нисбати моддаҳое, ки миқдори онҳо дар организм зиёда аз 0,001% (оксиген, карбон, гидроген, калсий, калий, нитроген, фосфор, сулфур, магний, натрий, хлор ва оҳан), инчунин дар бораи микроэлементҳое, ки вояашон аз 0,001 то 0,000001% мебошад (манган, руҳ, мис, бор, молибден, кобалт ва ғ.), билкул дуруст аст. Мавқеи М. м. дар ташаккули бофтаҳои ҷисм, хусусан устухонҳои скелет, калон буда, барои дар организм нигоҳ доштани мувозанати кислотаю ишқор, дар бофтаю ҳуҷайраҳо ва моеи байни онҳо ба вуҷуд овардани миқдори физиологии ионҳои гидроген (яъне ба вуҷуд овардани реаксияи мӯътадили муҳит) ва ба онҳо бахшидани хусусиятҳое, ки барои рафти мӯътадили ҷараёни мубодилаи моддаҳо ва энергия (аз ҷумла мубодилаи обу намак) заруранд, муҳим мебошад. М. м. баҳри ҳосил шудану ташаккули сафеда низ аҳамияти калон доранд. Моҳияти М. м. барои фаъолияти ғадудҳои эндокринӣ (мас., йод барои ғадуди сипаршакл), инчунин мавқеи онҳо дар раванди ферментӣ ба ҳама маълум аст.
М. м. кислотаҳоро бетаъсир гардонда, «туршидан»-и организм яъне асидозро, ки ба рафти мӯътадили реаксияи мубодилаи моддаҳо халал ворид сохта, иллатҳои гуногунро ба вуҷуд меоварад, пешгирӣ мекунанд. Омӯзиши мавқеи М. м. дар организм баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани бемориҳо, мас., ҷоғарӣ эндемӣ, флюороз ва ғ. муҳим аст.
Об муҳимтарин қисми таркибии ҳамаи организмҳост. Ҳайвоноте, ки аз об маҳрум гаштааст, баъди мӯҳлати кӯтоҳ нобуд мешавад. Об моддаҳои гуногунро ҳал мекунад; дар муҳити об реаксияҳои гуногуни химиявӣ, аз ҷумла ферментӣ, ба вуқӯъ меоянд; об чун маҳсули реаксияи оксидшавии моддаҳои органикӣ ҳосил мешавад. Аксар реаксияҳои химиявие, ки асоси фаъолияти организм мебошанд, бо иштироки об мегузаранд. Тақр. 65%-и организми одами калонсол аз об иборат аст.
Аҳамияти калсий дар организм хеле калон аст. Намакҳои он қисми таркибии доимии хун ва шираи ҳуҷайраю бофтаҳо мебошанд; онҳо ба таркиби ядрои ҳуҷайра дохил шуда, дар ҷараёни инкишоф ва фаъолияти ҳуҷайраҳо мавқеи муҳим доранд. Калсийи хӯрокро организм ҳазм намуда, ба мубодилаи моддаҳо таъсири муҳим мерасонад, барои пура сарф шудани моддаҳои ғизоӣ дар организм мусоидат мекунад. Пайвастҳои калсий муқовимати организмро устувор мегардонанд, тобоварии онро ба омилҳои номусоиди берунӣ, аз ҷумла ба сирояти бемориҳои гуногун афзун менамоянд.
Калсий қисми таркибии устухонҳо буда, дар ташаккули онҳо мавқеи муҳим дорад. Боқимондаи калсий ба таркиби хуну бофтаҳо дохил мешавад. Мубодилаи калсий тавре сурат мегирад, ки ҳангоми бо хӯрок кам ворид гаштан, он аз ҳисоби захираи организм ба миқдори пештара ҷудо шудан мегирад. Дар сурати аз меъёр зиёд истеъмол кардани намакҳои калсий ва дар рӯда бештар ҷаббида шудану аз гурда кам ихроҷ шудани он миқдори калсий дар плазмаи хун меафзояд (гиперкалсиемия).
Дар шир ва маҳсулоти ширӣ – творог ва панир миқдори калсий зиёд аст. Шир ва маҳсулоти ширӣ ба ҳазми калсийи маҳсулоти дигар низ мусоидат мекунанд. Зардии тухм, карам, соя, баъзе навъҳои моҳӣ, ҷаъфарӣ ва ғ. низ манбаи калсий мебошанд. Умуман, калсий ба қатори элементҳои душворҳазм дохил мешавад, намакҳои он фақат дар натиҷаи таъсири кислотаҳои талха ҳазм мегарданд.
Фосфор ба таркиби ҳамаи бофтаҳои организм, махсусан мушакҳо ва мағзи сар дохил шуда, барои кори мӯътадили системаи асаб, мушакҳои дил ва ғ. зарур аст. Фосфор дар бофтаҳои организм ва хӯрокворӣ ба сифати кислотаи фосфат ва пайвастҳои органикии он вуҷуд дорад. Мубодилаи нисбатан босуръати пайвастҳои фосфор асосан дар мушакҳо рӯй медиҳад.
Миқдори пайвастҳои органикии фосфор дар хуни одам тағйир меёбад. Вале миқдори фосфори ғайриорганикӣ то андозае доимӣ аст (3,0 – 5,5 мг%). Дар сурати бештар истеъмол кардани маҳсулоти ширӣ, инчунин ҳангоми баъзе бемориҳо – дарди гурда, шикастагии устухон (дар давраи сиҳатшавӣ), диабети қандӣ, акромегалия, бемории Аддисон ва ғ. миқдори фосфори ғайриорганикӣ меафзояд. Дар сурати норасидани фосфор организм фосфори бофтаҳоҳоро бударо сарф мекунад, аз ин рӯ миқдори он дар хун тағйир намеёбад (фақат ҳангоми гум кардани 40%-и миқдори умумии фосфор он дар хун 10% кам мешавад).
Мубодилаи фосфор дар организм бо мубодилаи магний алоқаманд аст. Қисми зиёди магний дар таркиби бофтаи устухон ҷой гирифтааст. Дар плазмаи хун, эритроситҳо ва бофтаҳои нарм магний асосан дар ҳолати ионӣ вуҷуд дорад. Як миқдори он бо сафедаҳо, махсусан сафедаҳои ферментӣ, пайваст шудааст; магний барои фаъолияти баъзе ферментҳо комилан зарур аст. Дар сурати ба ҳайвонот хӯрондани ғизое, ки намаки магний надорад, фаъолияти дил халал ёфта, он мефавтад. Агар ба хун миқдори зиёди намаки магний гузаронда шавад, ҳолати беҳушӣ рӯй медиҳад. Таъсири боздорандаи ионҳои магнийро ба асабия бо роҳи ба хун фиристодани намаки калсий бартараф месозанд. Магний рагҳоро васеъ, ихроҷи талхаро зиёд мекунад, бинобар ин бисёр пайвастҳои он (мас., сулфати магний, аскорбинати магний, тиосулфати магний ва ғ.)-ро чун дору истифода мебаранд. Одами калонсол бояд ҳар рӯз 500 мг, зани ҳомила 925 мг, модари синамакон 1250 мг, кӯдакон аз 140 мг (3-сола) то 530 мг (14 – 17-сола) магний истеъмол кунанд. Миқдори магний дар зардоби хуни одам аз рӯи меъёр 1,6 – 2,9 мг% аст.
Калий дар ҷараёни мубодилаи дохили ҳуҷайраҳо аҳамияти калон дорад. Бисёр ферментҳо фаъолияти худро бидуни ионҳои калий анҷом дода наметавонанд. Калий барои таъмини устувории муҳити дохилии организми одам, инчунин ба мушакҳо интиқол ёфтани импулсҳои асаб муҳим аст. Дар организм ҷамъ шудани калий боиси ҳарчи бештар ихроҷ шудани натрий мегардад. Калий хосияти пешобронӣ дорад. Нарасидани он дар организм боиси ҳар гуна варам ва ноҷӯриҳои интиқоли импулсҳои асаб мегардад.
Натрий аҳамияти бузурги физиологӣ дорад. Миқдори натрий дар плазмаи хуни одам 300 – 330 мг% аст. Аз организми одам бо пешоб ҳар шаборӯз 3 – 6 г натрий ихроҷ мешавад. Намаки натрий дар мубодилаи об фаъолона иштирок мекунад. Миқдори натрий дар хӯрокворӣ кам аст, он ба организм бо намаки ош – хлориди натрий дохил мешавад. Норасидани намаки ош дар хӯрок барои одам ногувор аст. Одами калонсол рӯзе то 15 г намаки оширо истеъмол карда, ҳамин миқдорро аз организм хориҷ мекунад. Миқдори намаки ошро дар хӯрок рӯзе то ба 5 г (бе ягон зараре ба саломатӣ) расондан мумкин аст. Хлориди натрий дар танзими мубодилаи об аҳамияти калон дорад. Миқдори зиёди хлориди натрий бо пешоб ва арақ хориҷ мешавад.
Бо вуҷуди он ки хлор ба организми одам асосан ба сифати хлориди натрий дохил мешавад, роҳи мубодилаи натрий ва хлор гуногун аст. Хлор қобилияти дар пӯст таҳшин шудан дорад. Ҳангоми барзиёд ворид гаштан дар организм нигоҳ дошта шуда, зиёдатии он бо арақ хориҷ мешавад. Меъёри хлор дар плазмаи хуни одам 340 – 380 мг% аст.
Ихтилоли мубодилаи хлор боиси пайдоиши варам, кам ҷудо шудани шираи меъда ва ғ. мегардад. Якбора кам гаштани миқдори хлор дар организм ҳатто ба марг расонданаш мумкин аст. Тақр. 90%-и хлори хӯрок бо пешоб ва танҳо 6% бо арақ ихроҷ мешавад. Дар байни миқдори хлор дар хун ва ихроҷи он бо пешоб (ҳангоми беморӣ) вобастагии бевосита вуҷуд надорад.
Бром ба организми одам асосан бо маҳсулоти растанӣ ва миқдори ками он бо намаки оши омехта бо бром ворид мешавад. Намаки бромро дар тиб ба сифати дору фаровон кор мефармоянд.
Фтор ба миқдори хеле кам дар ҳамаи бофтаҳои одам мавҷуд аст. Дар хуни одам низ аз 0,03 то 0,07 мг% фтор ҳаст. Устухонҳо (10 – 30 мг%), махсусан дандон (сири он 120 – 150 мг%) нисбатан зиёдтар фтор доранд. Дар ҷойҳое, ки миқдори фтор дар обу хӯрокворӣ камтар аст, бисёр одамони гирифтори кариеси дандон мешаванд, барзиёдии фтор бемории флюорозро ба вуҷуд меорад.
Йод дар ҳамаи бофтаҳои одам, вале асосан дар бофтаҳои ғадуди сипаршакл, аниқтараш дар таркиби гормонҳои он – трийодтиронин ва тироксин мавҷуд аст. Организми одами калонсол қариб 25 мг йод дорад, ки 10 – 15 мг-и он дар ғадуди сипаршакл ҷамъ шудааст. Эҳтиёҷи одам ба йод дар як шаборӯз 100 – 150 мкг аст. Аз нарасидани йод дар таркиби ғизо фаъолияти ғадуди сипаршакл халал ёфта, он калон мешавад.
Оҳан ба таркиби пайвастҳои органикии аз ҷиҳати биологӣ бағоят муҳим – гемоглобини хун, миоглобин, ферментҳои каталаза, ситохромҳо дохил мешавад. Қариб 70%-и ҳамаи оҳани организм дар гемоглобин гирд омадааст. Аҳамияти асосии физиологии оҳан дар ҷараёни хунофарӣ иштирок доштани он аст (ниг. Хун). Нарасидани оҳан боиси камхунӣ мегардад. Кӯдакон бо захираи зиёди оҳан таваллуд мешаванд. Миқдори гемоглобин дар эритроситҳо ва миқдори эритроситҳо дар хуни кӯдакони навзод ҳафтаҳои аввали баъди таваллуд нисбат ба давраи минбаъдаи ҳаёт зиёдтар аст. Баъди чанд ҳафтаи ба дунё омадан, суръати маҳви эритроситҳо дар организми кӯдак аз суръати ҳосил гардидани онҳо зиёд мешавад, вале барзиёдии оҳан дар организм боқӣ мемонад. Қобилияти оҳанро нигоҳ дошта тавонистани организми кӯдак аҳамияти калон дорад, чунки дар шири модар бешубҳа оҳан намерасад. Кӯдак аз захираи оҳани организми худ тақрибан як сол таъмин мешавад. Оҳан дар ҷигар (махсусан ҷигари хук), ҷаъфарӣ, мағзи сар, зардии тухм, занбӯруғҳои сафед ва маҳсулоти дигар бисёр аст. Оҳани таркиби меваю сабзавот (шафтолу, себ, испанох ва ғ.) шояд аз сабаби кислотаи аскорбинат доштан зудҳазм мебошад. Зардоби хуни марди калонсол 120 мг%, зани калонсол 80 мг% оҳан дорад.
Мис дар организм ба таркиби баъзе ферментҳои оксидкунанда дохил мешавад. Аҳамияти мис дар ҷараёни хунофарӣ хеле калон аст. Миқдори мис дар плазмаи хуни одам 0,1 мг% -ро ташкил медиҳад. Мис ба кори ғадудҳои усораи дохилӣ мисли инсулин таъсир мерасонад, аз ҳамин сабаб беморони гирифтори диабети қандӣ баъзан пайвастҳои мисро истеъмол мекунанд.
Миқдори мис дар ҷигари гов, хук, занбӯруғи шампинон, ҷигар баъзе моҳиҳо ниҳоят бисёр мебошад.
Аҳамияти микроэлементҳо (кобалт, стронсий, манган, руҳ, сезий ва ғ.) низ барои организм бағоят бузург аст. Организм ба миқдори ниҳоят ками ин элементҳо эҳтиёҷ дорад, вале онҳо дар мубодилаи моддаҳо хеле заруранд. Мавқеи биологии кобалт бештар бо иштироки он дар фаъолияти ферментии витамини В12 алоқаманд аст. Стронтсий ба таркиби устухони одам дохил мешавад. Хӯроке, ки аз меъёр зиёд стронсий дорад, ихтилоли устухонбанди (ба ном рахити стронтсий)-ро ба вуҷуд меорад. Нишонаҳои он ба рахити муқаррарӣ монанд бошад ҳам, вале аз истеъмоли витамини D табобат намешавад. Манган ба таркиби молекулаи баъзе ферментҳо дохил шуда, фаъолияти онҳоро метезонад. Руҳ дар ферментҳо вуҷуд дорад, ки онҳо бе ҳамин элемент фаъолияти худро гум мекунанд. Миқдори ками сезий ба таркиби бофтаи ҳайвонот дохил мешавад; мавқеи биологӣ ва физиологии он пурра муайян карда нашудааст.

Ҷ.С. Лангариева.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

ВУЛҚОНҲО

ВУЛҚОН ЧИСТ?

ВУЛҚОНҲО Ҳарорати он то + 1500°С мерасад, дар сатҳи замин 900-1200°С ташкил меқунад ва оҳиста …