Ҳоло дар илм як чанд миллион модда маълум гардидааст. Дар як модда таври васеъ таҳлил гардида, номи марбутаи худро гирифтааст.
▲ Моддаҳое, ки аз атомҳои якхела иборатанд, моддаҳои содда номида мешаванд.
Ба моддаҳои содда дохил мешаванд: водород, кислород, графит, сулфур ва ҳама физилот (металлҳо): оҳан, мис, магний ва ғайра. Графит аз як навъи атом – танҳо аз углерод, оҳан танҳо аз атомҳои оҳан, мис танҳо аз атомҳои мис иборат ҳастанд.
Дар ҳаёти рӯзмарра мо ҳамеша омехтаи моддаҳоро дучор меоем. Бӯрро дар об мунҳал намуда, омехтаи обу бӯрро ба даст меоварем. Ҳиссачаҳои бӯрро бо чашмони одӣ дидан мумкин аст. Вале на ҳамеша метавон аз рӯи намуди зоҳирияшон омехтаи моддаҳоро муайян кардан мумкин аст.
Масалан, шир ба назари мо моддаи якҷинса менамояд. Вале агар онро дар зери заррабин, яъне микроскоп бубинед, пас дар он қатраҳои майдаи шинокунандаи равғанро дидан мумкин аст.
Пас шир ин омехтаи моддаҳост.
Нишонаи махсуси омехтаҳо ин махдулҳо мебошанд. Агар шакар, намакро дар об андохта, бичунбонем, пас ба ҷойи моеъи ғайришаффоф маҳдули шаффофи шакар ва намак ҳосил мешавад. Шакарро дар он на танҳо тавассути чашмони одӣ, балки зери микроскоп низ дидан ғайримкон аст. Вале ба осонӣ муҳтавои шакарро дар маҳлул мушаххас кардан мумкин аст, агар мазаи онро бичашем ва онро болои шишаи тоза бичаконем ва хушк намоем. Ҳангоми хушк кардан шакар дар шиша дар шакли кристалчаҳои майда боқӣ мемонад.
Дар ёд доред! Чашидани мазаи моддаҳои ношинос мумкин нест!
Қабл аз омӯхтани мавод онро аз чизҳои дигар чудо карда, аз омехтагиҳо тоза бояд кард.
Чунин методҳои чудо кардан аз омехтагиҳо, чун такшин намудан, тасфия намудан, буғ кунонидан мавҷуд мебошанд.
Онҳоро дар мисоли тоза кардани намаки ошй барраей менамоем.
- Супориши амалй:
ТОЗА КАРДАНИ НАМАКИ ОШЙ
- Обро ба истакон рехга, сипас аз болои он намаки чиркиншударо бипошед. Онро тавассути чумча омехта карда, маҳлул созед. Вақте намак ҳангоми омехта кардан дигар аз маҳлул шудан бозмеистад, илова намудани намакро дать кунед.
- Пас аз чанд муддат дар таги истакон намакреза шуруъ ба таҳшин шудан меку- над. Ин кадом методи тозакунй аст?
- Тасфия намудани маҳлули ғализи намак. Барой оғози кор як варақи тасфиякунандаро бигиред. Бояд, ки варак, шакли мураббаъ дошта бошад. Варақро чорқат намуда (ҳамон тавре ки дар расми 25 нишон дода шудааст) канораҳои онро бо қайчӣ бибурред.
Ин тасфияи коғазиро ба даҳана, яъне қифи шишагин бихалед.
Ба болои филтр (коғази тасфиявӣ) маҳлули ғализи намакро бо чӯбаки шишагин, ки нӯги он ба девори даҳана (қиф) равона шудааст, бирезед. Дар ин маврид фавраи моеъ ба деворҳои даҳана мезананд. Агар фавраи моеъ ба канораи болоии тасфияи когазин бархӯранд, пас вай медарад.
- Бухор кардани маҳлули тозакардаи намак. Ба зарфи фахфурин каме моеъи тасфияшударо бирезед ва ё ба болои шиша бичаконед. Онро гарм намоед. Вақте дар сатқи шишагин кристалчаҳои намак пайдо мешаванд, гарм карданро бас кунед. Намаки ҳосилшударо бо намаки пешина муқоиса бикунед.
Пурсишҳо
- Кадом моддаҳо содда номида мешаванд? Мисолҳо биёваред.
- Шир чй гуна модца аст?Намакро чй тавр тоза кардан мумкин аст?