Главная / Без рубрики / МОДДАДОИ МУРАККАБ

МОДДАДОИ МУРАККАБ

А Моддаҳое, ки аз атомҳои гуногун иборатанд, моддаҳои мураккаб номида мешаванд.

Шакар, об, шиша, коғаз, хок- ин моддаҳои мурак­каб мебошанд. Барои мисол, обро мегирем. Барои он ки муайян кунем, ки атоми кадом элементно дар таркиби об ҳастанд, аз он ҷараёни барқро интиқол медиҳем. Барои ин асбоберо, ки дар расми 28 нишон дода шудааст, истифода мебарем. Асбоб аз найчаҳои шишагин, ки бо об пур карда шудаанд, иборат мебо- шад.

Пластинаро (онҳоро электродҳо меноманд), ки нӯгҳои онҳо ба сарчашмаи ҷараёни доимӣ паст мебо- шад, ба об меғӯтонем. Дамон лаҳза пас аз пайваст кардани ин асбоб ба ҷараёни доимй, аз электродҳо ҳубобчаҳои газҳои беранг шуруъ ба боло шудан ва ҷамъ пгудан дар қисмати болоии найчаҳо мекунанд. Пас аз лаҳзае метавон мушоҳида кард, ки дар яке аз ин найчаҳо газ ба микдори ду баробар зиёд нисбат ба найчаи дигар хориҷ шудааст.

Ба найчае, ки нахуст туда аз газ пур шудааст, ме- нигарем. Гази он берангу шаффоф аст. Агар пешдаргирони кӯрдудро ба гарданаки найча гузошта, онро кушоем, пешдаргирон бо садои якбораи «паф» бо алангаи нима- кабуд дар мегирад. Малум мегардад, ки дар найча газ мавчуд аст. Ин навъи газ – газы водород аст. Дангоми сӯхтан вай обро ташкил медиҳад. Аз ин сабаб вай водород номида мешавад. Агар алавдаргиронро ба гарданаки найчаи газаш кам наздик биёва- рем, пае алобдаргирон аланга гирифта, месӯзад. Барои мо маълум аст, ки кислород барои сӯхтани сӯзишворй кӯмак мекунад. Маълум мегардад, ки гази дар ин найча буда кислород аст.

Тачрибаи мазкур нишон дод, ки об аз ду элемент: водород ва кислород иборат аст. Вале наметавон гуфт, ки об аз водород ва кислород дар шакли газ мавчуд мебо- шад.

Об ин моеъ аст. Агар гӯгирди сӯхтаистодаро ба об андозем, вай хомӯш мешавад. Об намесӯзад ва барои сӯхтани сӯзишворӣ кӯмак намекунад.

Маълум мегардад, ки об дорой он хосиятҳое намебошад, ки моддаҳои соддае чун водороду кислород доранд. Водород ва кислород бо ҳам омехта шуда моддаи мураккаб – яъне обро ташкил кардаанд. Дангоми таҷзияи об аз он ду моддаи содда ба вуҷуд меояд. Дар ин маврид водород нисбат ба кислород ду баробар зиёд ҳосил мешавад. Ин чунин маъно дорад, ки дар ҳар як молекулаи об ду атоми водород ва як атоми кислород мавчуд мебошад. Формулаи кимиёвии об – Н9О.

Шумо шояд ибораи «мисли сирко туруш» – ро бисёр шунидаед. Шумо ягон ма- ротиба ба воситаи нӯги забон қатрае сиркои ғизоиро чашидаед? Вале забони худро эҳтиёт кунед. Ин хатарнок аст! Ба ҷои ин Шумо метавонед коғази лакмусдорро ис- тифода баред. Коғази лакмусй – ин коғази тасфиявие мебошад, ки тавассути моддаи махсус – лакмус тар карда шудааст.

А Лакмус – ин индикатор (чизи ҳискунанда) мебошад.

Индикатор – ин моддаеест, ки дорой қобилияти дигар кардани ранг ҳангоми мавҷудияти кислота ва ишкорҳо мебошад.

Шумо худатон метавонед индикатор созед. Растанӣ бароятон ҳамчун нахустин ашё хидмат карда метавонад. Таври мисол, рангҳои рӯшан: савсан, лолаҳои тирагун ва садбарг. Тобистон барги ин гулҳоро хушк карда дар қуттиҳои алоҳида нигахдори намоед. Аз онҳо нӯшоба омода кунед. Ба зарфҳои гуногун андак баргҳои хушккар- даеро аз навъҳои гуогун дар алоҳидагӣ андохта, аз болояшон об бирезед ва то ба он лаҳзае онро гарм кунед, нӯшоба ранг бигирад. Маҳлулро пас аз хунук шудан тасфия намуда, ба бонкаҳои тоза бирезед ва дар рӯи бонкаҳо номи онҳоро нависед.

Барой он ки бидонед, ки кадом махдул метавонад индикатор барои ин ва ё он муҳит бошад, бояд тачриба гузаронд. Тавассути қатрачакон ба маҳлулҳои ишқорӣ ва турш аз ҳар маҳлули ба дастатон омада бичаконед. Махдули турш -сиркои ғизоӣ ва махдули содаи шустушӯй ишқорӣ шуморида мешавад. Агар ба онҳо нӯшобаи оби­рании гулҳои савсан илова карда шавад, таҳти таъсири сирко вай ба худ ранги сурхро ва таҳти таъсири содаи шустушӯӣ ранги сабзу кабудчатобро мегирад.

Тоблу тартиб диҳед. Ҳамон тавре дар поён ишора шудааст (тоблуи 8) ҳама натиҷаҳои тачрибаро нависед.

Индикатор Ранг
Ниҳой Дар муҳити турш Дар муҳити ишқорӣ
Лакмус Савсани банур обй,
Шарбати ангур сурхи банур сабз,
Савсани обиранг банур банур сабзи обй

Барои анҷоми озмоиш метавон аз каламшӯрбои маъмулй истифода намуд.Барои он ки каламшӯрбо суп-сурх шавад ,пеш аз ҷӯшиданаш ба он каме уксус ва ё кислота- ти лимӯро ^амрох, мекунед ва рангаш дар як ла^за тагир мекунад.

Агар шарбати лимӯро ба коғази лакмусӣ бичаконем ,он вақт коғаз ранги сурх­ро мегирад ва ин нишон медиз$ад,ки дар таркиби лимӯ кислота мавҷуд мебошад. Ҳангоми гузаронидани чунин таҷруба бо шарбати себ низ, з§амон натиҷаи дар боло номбаршударо ба даст меоварем.Яъне,дар себ низ кислота мавчуд аст.Аммо ин, ди­гар навъи кислота буда ва кислотаи себй номгузорй шудааст.

Юнучқа ва туршак, ки дар саҳро мерӯянд, низ кислота доранд. Барой он ки ин санҷида шавад, барги онҳоро гирифта, кӯфтаю майда карда, шарбати онро фишурда, ба коғази лакмусӣ чаконидан зарур аст. Дар он сурат вай ба худ ранги сурхро мегирад.

Расми 29. Тавассути газидани мӯрча аз кислотаи он баданро сӯзонидан мумкин аст. Ва ба ҳангоми расидани бадан ба газна, онро сӯзиш фаро мегирад.

rasmi30

Расми 30. Кислотаи сулфат аз замонҳои қадим «модари» ҳама гуна кислотаҳо ба шумор меравад.

Кислотае, ки дар таркиби юнучқа ва туршак мавчуд мебошад, кислотаи юнучкр ва туршак номида мешаванд.

Шумо медонед, ки агар Шумо хонаи мӯрчагонро вайрон карданй шавед, пас онҳо метавонанд хонаи худро аз Шумо ҳимоя намуда, Шуморо бигазанд. (расми 29).

Агар пораи когази обии лакмусиро дар мӯрчахона бимонед, пас Шумо мебинед, ки дар ҷойҳои газидаи мӯрчаҳо нуқтаҳои сурх пайдо шудаанд. Газидани мӯрчаҳо дарднок мебошад, зеро онҳо ба ҷароҳат кислотаро мепошанд. Ин кислота кислотаи мӯрчагон номида мешавад.

Тавассути когази лакмусй метавон боришҳои атмосфериро: борон, барфро санҷидан мумкин аст. Агар дар онҳо кислота мавчуд бошад, пас ин бисер хатарнок аст. Чунин боронҳоро боронуои кислотадор меноманд. Одамон набояд ба чунин иф- лосшавии атмосфера роҳ диҳанд ва нагузоранд, ки боришот кислотавй шаванд.

Яке аз навъҳои маъмули кислотаҳо дар табиат -ин кислотаи шири мебошад. Вай ҳангоми турш шгудани шир, шӯршавии карам, силос намудани хӯроки чорво- тай- ёр карданй хӯроки обдор барои ҳайвони калони шохдор пайдо мешавад. Ғайр аз ин кислотаҳо, ки дар Табиат пайдо мешаванд, ҳамчунин кислотаҳое низ мавҷуданд, ки таври суъй дар корхонаҳо ба даст оварда мешаванд. Ба қатори онҳо кислотаи сулфат ва кислотаи намакин дохил мешаванд. Дар таркиби кислотаи сулфат 2 атоми водо­род, як атоми сулфат ва 4 атоми кислород мавҷуд мебошанд. Формулаи кимиёвии он чунин аст: H2SO4. Кислотаи сулфатро «модари» ҳамаи кислотаҳо меноманд (расми 30). Кислотаи намакин аз як атоми водород ва як атоми хлор иборат аст. Формулаи кимиёвии он – НС1 аст.

Гузаронидани таҷрибаро идома медиҳем. Дар хонаи ҳар яки Шумо ҷавҳари на- вшодир мавҷуд аст. Вайро бо оҳистагӣ бӯй бояд кард. Ҳангоми ба он тар карданй когази лакмусй вай ба худ ранги обй мегирад. Пас, ҷавҳари навшодир кислота на- мебошад.

Моддауои мураккабе, ки когази лакмусиро ба ранги обй мубаддал мегардонанд, асос номида мешаванд.

Ҳангоми тар карданй когази лакмусй ба оби оҳак, ки аз маҳлули оҳаки шукуфта ҳосил шудааст, вай ба худ ранги обиро қабул мекунад.

Ҷавҳари навшодир, оби оҳак ва гайра – ин ҳама асос номида мешаванд. Асосҳо хеле зиёд мебошанд. Баъзе аз онҳо дар об ҳал туда ( масалан, оҳаки шукуфта), бархе ҳал намешаванд.

Асосҳои дар об ҳалшавандаро ишқор (ишқорӣ) меноманд. Моддаҳое, ки мо тавассути он таҷриба гузаронидем, ишқор мебошанд.

Намакҳо ин моддаҳои мураккаб мебошанд. Ҳангоми дар кислотаҳо иваз кар- дани водород бо металҳо (филизот), моддаҳои нави мураккаб – намакҳо пайдо ме­шаванд.

Таври мисол, намаки ошй аз як атоми натрий ва як атоми хлор иборат мебошад. Формулаи кимиёвии он – NaCl аст. Формулаи кимиёвии даҳони фаранг – CuSO4 мебошад.

Бисанҷед. Маҳлули намак дар об ранги когази лакмусиро дигаргун намесозад.

АСОСИТАРИН НУКТАҲОИ МАВЗУЪ

Супориш. Посухи дуруст пайдо кунед:

  1. Кадом моддаҳоро мо содда меномем? Кадомашонро мураккаб меномем?

а)     моддаҳое, ки молекулаҳои онҳо танҳо аз як элемент иборат мебошанд;

б)     модцаҳое, ки молекулаашон аз атомҳои элементҳои гуногун иборат мебошанд.

  1. Дар зер сухан дар бораи кадом моддаҳо меравад?

а)     модцаҳое, ки рангми коғази лакмусиро ба ранги обй табдил медиҳанд, чй ном доранд?

б)     моддаҳое, ки когази лакмусиро ба ранги сурх табдил медиҳанд, чй ном доранд?

в)     моддаҳое, ки ранги когази лакмусиро дигаргун намесозанд, чй ном доранд?

Пурсишҳо

  1. Об ба кадом гуруҳи моддаҳо (содда ва ё мураккаб) дохил мешавад?
  2. Чй тавр метавон исбот кард, ки об моддаи мураккаб мебошад?
  3. Атомҳои кадом элементҳо ба молекулаи об дохил мешаванд?
  4. Водород дорой кадом хосиятҳо мебошад?
  5. Кислород дорой кадом хосиятҳо мебошад?
  6. Индикатор чист?
  7. Шумо кадом кислотаҳоро медонед? Онҳоро чй тавр муайян кардан мумкин аст?
  8. Тавассути асос когази лакмусиро ба кадом ранг оро медиҳанд?
  9. Ишқор чист?

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …