Главная / Ҷамъият / Моддаи 6. Андозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 6. Андозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Андозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Моддаи 6-и Кодекси Андоз)

кодекси андоз

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андозҳои умумидавлатӣ ва андозҳои маҳаллӣ муқаррар карда мешаванд. Дар ҳолатҳои дахлдор тибқи тартибе, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, андозсупорандагон низоми андозбандии махсус ё имтиёзнокро истифода мебаранд.
  2. Ба андозҳои умумидавлатӣ инҳо дохил мешаванд:

– андоз аз даромад;

– андоз аз фоида;

– андоз аз арзиши иловашуда;

-аксизҳо;

-андози иҷтимоӣ;

-андозҳо барои захираҳои табиӣ;

-андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;

– андоз аз фурўши алюминийи аввалия.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

  1. Ба андозҳои маҳаллие, ки бо Кодекси мазкур муқаррар шуда, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо мавриди амал қарор дода мешаванд, инҳо дохил мешаванд:

– андоз аз воситаҳои нақлиёт;

– андозҳо аз молу мулки ғайриманқул.

  1. Дар фасли XVI Кодекси мазкур низомҳои махсуси андозбандӣ муқаррар карда шудаанд, ки тибқи онҳо категорияҳои алоҳидаи андозсупорандагон ўҳдадоранд баъзе андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллии дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда нишондодашударо тибқи тартиби соддакардашуда супоранд.
  2. Ба низомҳои махсуси андозбандӣ инҳо дохил мешаванд:

– низоми андозбандии шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкориро тибқи патент ё шаҳодатнома амалӣ менамоянд;

– низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд;

– низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (андози ягона);

– низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ.

  1. Дар фасли XVII Кодекси мазкур низомҳои имтиёзноки андозбандӣ муқаррар карда шудаанд, ки барои сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт додани имтиёзҳои андозии иловагиро пешбинӣ менамоянд.
  2. Боҷи давлатӣ, боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ки тибқи қонунгузории дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, дар ҳаҷм ва бо тартибе пардохт карда мешаванд, ки қонунгузории зикргардида ва Кодекси мазкур муқаррар намудаанд. Расмиёти маъмурӣ оид ба назорати андоз аз ҷониби мақомоти дахлдори ваколатдор ва мақомоти андоз ҷиҳати дуруст ҳисоб ва пардохт намудани онҳо тибқи тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур ва қонунгузории дахлдор амалӣ карда мешавад.
  3. Маблағҳо аз андозҳои умумидавлатӣ тибқи қонунгузории буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ тақсим карда мешаванд. Пардохтҳо аз рўи андозҳои маҳаллӣ ба буҷетҳои дахлдори маҳаллӣ ворид мешаванд.
  4. Ҷамъоварии андозҳои дар қисми махсуси Кодекси мазкур муқарраргардида аз ҷониби мақомоти андоз таъмин карда мешавад, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин

Шеъри ошиқӣ оиди духтари ношинос Оҳ, ин хат хати як ҷононест, Ёфтам ногаҳаш аз байни …