Главная / Ҷамъият / Ҳисоботи андоз

Ҳисоботи андоз

Моддаи 50-и Кодекси Андоз. Ҳисоботи андоз


1. Ҳисоботи андоз – ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки ба онҳо ариза, ҳисобҳо ва эъломияҳо оид ба низомҳои андозбандӣ, ҳар як намуди андоз ё оид ба даромадҳои пардохтшуда, инчунин замимаҳо ба ҳисобҳо ва эъломияҳои андозҳо, ки тибқи тартиби муқарраршуда тартиб дода шудаанд, дохил мешаванд.
2. Ҳисоботи андоз аз инҳо иборат аст:
-эъломияҳои андоз, ҳисобкуниҳо, маълумоте, ки бояд андозсупоранда доир ба ҳар як намуди андоз тартиб диҳад;
-аризаҳо дар бораи баҳисобгирии андоз ё гузаштан ба дигар низоми андозбандӣ;
-аризаҳо дар бораи бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда;
-аризаҳо дар бораи баргардонидани андозе, ки аз рўи он ба пардохти маблағи барзиёд роҳ дода шудааст ё ин ки андози саҳван пардохтшуда ё барои баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда;
-аризаҳо дар бораи татбиқи шартномаҳо дар бораи пешгирии андозбандии дукарата ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои андозбандӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст;
-ҳисоботи муҳосибии солона, маводи санҷишҳои гузаронидашудаи аудитории андозсупоранда, ки бо стандартҳои аудит пешбинӣ шудааст;
-оинномаи шахси ҳуқуқӣ, низомномаи филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ, аз ҷумла қарор дар бораи тағйирдиҳии онҳо;
-маълумот оид ба воҳидҳои алоҳида;
-нусхаи қарор оид ба барҳамдиҳӣ ё азнавташкилдиҳӣ ва ё муфлисшавии шахси ҳуқуқӣ;
-маълумот оид ба кушодани суратҳисобҳо дар ташкилоти қарзӣ;
-маълумот оид ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (содирот ва воридот);
-маълумот оид ба гирифтани иҷозатнома барои анҷом додани баъзе намудҳои фаъолият;
– маълумот оид ба гирифтани сертификат барои ҳуқуқи истифодабарии замин ва (ё) дигар ҳуҷҷате, ки барои истифодабарии замин ҳуқуқ медиҳад;
– дигар ҳуҷҷатҳое, ки бояд мувофиқи муқаррароти Кодекси мазкур таҳия ва ба мақомоти андоз пешниҳод карда шаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …