Главная / Ҷамъият / Қоидаҳои умумии баҳисобгирии андоз

Қоидаҳои умумии баҳисобгирии андоз

Моддаи 48-и Кодекси Андоз. Қоидаҳои умумии баҳисобгирии андоз

  1. Андозсупоранда ўҳдадор аст баҳисобгирии даромаду хароҷотро дар асоси маълумоти бо ҳуҷҷатҳо асоснокшуда дақиқ ва саривақт пеш барад ва даромаду хароҷотро ба давраҳои ҳисоботии дахлдоре, ки дар давраи онҳо гирифта ё пардохт шудаанд, вобаста ба усули баҳисобгирии тибқи моддаҳои 140-154 Кодекси мазкур истифодашаванда ҷиҳати дуруст нишон додани даромади (фоидаи) андозбандишаванда ва амалиёти анҷомдодашаванда ба роҳ монад. Таҳти усули баҳисобгирӣ, ки андозсупоранда истифода мебарад, ҳамаи омилҳои вақт ва тартиби баҳисобгирии маблағҳои воридшуда ва хароҷот, ба монанди истифодаи усули баҳисобгирӣ дар асоси кассавӣ ё дар асоси ҳисобу замкунӣ, усули баҳисобгирии хароҷоти истеҳсолӣ ва дигар хароҷоти сармоя фаҳмида мешавад.
  2. Андозсупоранда ўҳдадор аст баҳисобгирии ҳамаи амалиёти марбут ба фаъолияташро, ки барои муайян кардани оғоз, ҷараён ва ба охиррасии он имконият медиҳанд, таъмин намояд.
  3. Андозсупоранда баҳисобгирии андозро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба он мухолифат намекунанд, бо усули кассавӣ ё усули ҳисобу замкунӣ амалӣ менамояд.
  4. Андозсупоранда бояд баҳисобгириро бо усули ҳисобу замкунӣ дар соли тақвимӣ пеш барад, агар вай:

– тибқи низоми умумии андоз андозбандӣ карда шавад;

– мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ тибқи усули қайди дугона вазифадор бошад.

  1. Амалиёти моливазкунӣ, пардохт тавассути додани молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо, ба гаравгир додани ашёи гарав дар ҳолати иҷро накардани ўҳдадории бо гарав таъминшуда ҳангоми фурўши он ба мақсадҳои андозбандӣ ҳамчун фурўши молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо эътироф мешаванд.
  2. Ҳама гуна амалиёт бо асъори хориҷӣ барои мақсади андозбандӣ ба пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи қурби ҳисобкунии расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар рўзи анҷом додани амалиёт аз нав ҳисоб карда мешавад.
  3. Асъори хориҷие, ки нисбат ба он қурби ҳисобкунии расмии Бонки миллии Тоҷикистон вуҷуд надорад, аз рўи қурби ҳисобкунии асъори дигар, дар асоси қурби асъорҳои марбута нисбат бадоллари Иёлоти Муттаҳидаи Америка (минбаъд- ИМА) муайян ва аз нав ҳисоб карда мешавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Фото школы 99 мактаби

Мактаби 99 дар шаҳри Душанбе

Мактаби миёнаи №99 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар сари роҳи-кучаи Борбад, ки дар …