Главная / Ҷамъият / Огоҳиномаи мақомоти андоз

Огоҳиномаи мақомоти андоз

Моддаи 45-и Кодекси Андоз. Огоҳиномаи мақомоти андоз

  1. Огоҳинома хабари аз ҷониби мақомоти андоз ба андозсупоранда (агенти андоз) дар ҳомили коғазӣ ё бо розигии хаттии вай бо усули электронӣ фиристодашуда дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур эътироф карда мешавад.
  2. Огоҳиномаҳо ба андозсупоранда (агенти андоз) аз ҷониби мақомоти андоз бо асосҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур фиристода мешаванд, аз ҷумла:

-дар бораи маблағи ҳисобкардаи мақомоти андоз;

-дар бораи натиҷаҳои санҷиши андоз;

-дар бораи пешниҳод нагардидани ҳисоботи андоз;

-дар бораипардохт намудани қарзи андоз;

-дар бораи бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои дигар, ки мақомоти андоз ошкор намудаанд;

-дар бораи ба номгўи андозсупорандагони бемасъулият дохил намудани он бо ишораи асосҳо ва талаби бартараф намудани ҳуқуқвайронкунии ҷойдошта.

  1. Дар огоҳинома бояд инҳо нишон дода шаванд, агар тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад: (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

-рақами мушаххаси андозсупоранда;

-насаб, ном, номи падар (ҳангоми мавҷуд будани он) ё номи пурраи андозсупоранда;

– номи мақомоти андоз;

-санаи огоҳкунӣ;

-асос барои фиристодани огоҳинома;

-мундариҷаиогоҳинома;

-талабот оид ба иҷрои талаботи қонунгузории андоз;

– тартиби шикоят кардан.

  1. Дар огоҳиномаи электронии мақомоти андоз ба андозсупоранда, ки ба суроғаи электронии он илова ба огоҳинома дар шакли коғазӣ фиристода мешавад, бояд рақами мушаххаси андозсупоранда, номи мақомоти андоз, санаи огоҳкунӣ ва матни огоҳинома нишон дода шавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Огоҳинома бояд ба андозсупоранда (агенти андоз) шахсан бо гирифтани имзояш ё дигар тарзи тасдиқкунандаи далели фиристодан ва гирифтани он супорида шавад.
  3. Дар ҳолати аз ҷониби мақомоти андоз фиристода шудани огоҳинома, талаботи қонунгузории андоз, ки дар огоҳинома қайд шудааст, бояд аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз) дар мўҳлатҳои дар огоҳинома муқарраргардида иҷро шаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …